Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ба истифодаи пурраи саноатӣ супурдани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1

31.07.2009 13:00, ноҳияи Данғара

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар маросими ба истифодаи пурраи саноатӣ супурдани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат нахуст санади қабули давлатии иншооти нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 1 ба имзо расид.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев тугмаро пахш намуда, агрегати чаҳорум ё худ охирини нерӯгоҳро ба кор дароварданд ва ин иншооти таҷассумкунандаи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар саҳни ҳавлии бинои асосии нерӯгоҳ ба умеди дӯстии абадии миёни Тоҷикистону Русия як навниҳоли ҳамешасабз шинонданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар назди анбӯҳи зиёди бинокорони нерӯгоҳ ва намояндагони сершумор аз қишрҳои гуногуни ҷомеа суханронӣ намуда, пурра ба кор шурӯъ намудани ин иншооти азимро ба онҳо ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Ба гуфти сарони ду давлат, дӯстию рафоқат ва ҳамкории дорои собиқаи пурғановату беназири бинокорони иншооти гидротехникӣ яке аз ҳазорон риштаҳои устувор аст, ки пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистону Русияро таъмин менамоянд.

Ҳамчунин имрӯз Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев аз пойгоҳи оптикию электронии «Норак», ки мутобиқи як Созишномаи байниҳукуматӣ соли 2004 ба моликияти давлатии Россия дода шуда буд, дидан карданд.

Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев бо шароити пойгоҳ ки дар системаи амниятии байналмилалӣ нақши муҳим дорад аз наздик шинос шуда, бо ҳайати шахсии он сӯҳбат намуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки пойгоҳи оптикию электронии «Норак» яке аз ҷузъҳои қувваҳои ҳарбии кайҳонии Федератсияи Россия буда, вазифаи асосии он назорати фазои кайҳонӣ аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520