Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ ба Кувайт

23.06.2013 16:38, Кувайт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди Давлати Кувайт шуд.

Дар толори махсуси фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар - шаҳри Алкувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи Алкувайт, ҳамчунин Валиаҳди давлат Навоф Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ, Муовини аввали сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ шайх Аҳмад Алҳамуд Алҷобир Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири мудофиа шайх Аҳмад Холид Алҳамад Ассабоҳ, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло Алмаътук ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Маросими истиқболи расмии бахшида ба нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги фурӯдгоҳи байналмилалии Алкувайт баргузор гардид.

Сарони ду давлат ҳамроҳ ба ин толори бошукӯҳ ворид шуда, сӯйи минбари ифтихорӣ равон шуданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром намуд.

Хотиррасон бояд намуд, Давлати Кувайт аввалин давлати арабӣ буд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он ташриф бурда буд.

Нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ҳам зимни ҳамин сафар бо имзои 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ, муҳайё гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ ва дигар намояндагони роҳбарии кишвар мулоқотҳои расмӣ анҷом медиҳад.

Имзои қариб 10 санади нави ҳамкорӣ ҳам зимни ин сафар дар назар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520