Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дмитрий Медведев дар вилояти Твер

24.02.2009 18:00, Россия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия зимни мулоқоти кории сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар қароргоҳи Завидовои Президенти Федератсияи Россия дар вилояти Твер баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки маблағи умумии он, сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бори аввал дар зарфи 18 сол аз 1 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. «Ин аз вуҷуди имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гувоҳӣ медиҳад», - таъкидан изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дмитрий Медведев бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар соли равон ба Федератсияи Россия сафари давлатӣ анҷом диҳад ва дар ин робита изҳор дошт: «Фикр мекунам мулоқоти имрӯза омодагие хубе мешавад ба сафари давлатии Шумо ба Федератсияи Россия. Мо тамоми рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ менамоем».

Сарони ду давлат аз он, ки ба наздикӣ нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 пурра ба кор дароварда мешавад, изҳори қаноатмандӣ карданд ва таҷрибаи дар он касбнамудаи мутахассисони ду кишварро дар сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори дигар, ки дар Тоҷикистон бо саҳмгузории Россия бояд сохта шаванд, арзишманд арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузурги умумиминтақавӣ мебошанд.

Ба иҷрои қарордодҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ба имзо расида буданд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Дар маркази диққат ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия қарор гирифт, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ.

Масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ техникӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия зоҳир карда шуд.
Ҳарду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро ба ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ва ду мактаби олии дигари Россия дар Тоҷикистон таъкид намуда, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва иттилоот омили муҳими таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона маънидод карданд.

Иҷрои қарорҳое, ки дар саммитҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия 4 феврали соли равон дар шаҳри Маскав қабул шуда буданд ва муҳокимаи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳамгироиҳои зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи сарони ду давлат дар мавзӯъҳои байналмилалӣ буд.
Шаби 24 – ум ба 25 – уми феврали соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба ватан баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520