Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муллоқот бо Раиси Шӯрои машваратии ширкати MAI Resources International Абдурраҳмон ал Авадҳи

25.06.2013 16:18, Кувайт

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алкувайт бо Раиси Шӯрои машваратии ширкати муштараки кувайтию шведсарии MAI Resources International Абдурраҳмон ал Авадҳиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили гуногуни ҳамкорӣ, пеш аз ҳама мавзӯъҳои вобаста ба таъмини Кувайт ва дигар кишварҳои халиҷӣ бо оби поки нӯшокӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат ба захираҳои фаровони оби ошомидании Тоҷикистон, аз ҷумла аз кули Сарез таваҷҷуҳи хос дорад. Аз ин хотир, доир ба роҳҳои ба Кувайт дастрас намудани оби тоза аз Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520