Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими гусел бо иштироки Амири Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ

25.06.2013 17:00, Кувайт

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳарду ҷониб ба поён расид.

Меҳмони олимақомро Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ ва дигар намояндагони роҳбарияти олии кишвар то фурудгоҳ гусел намуданд.

Дар толори бузурги фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар - шаҳри Алкувайт ба муносибати анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукӯҳи гусел баргузор гардид.

Дар маросими гусел ҳамроҳи Амири Кувайт, ҳамчунин Валиаҳди давлат Навоф Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ, Муовини аввали сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ шайх Аҳмад Алҳамуд Алҷобир Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири мудофиа шайх Аҳмад Холид Алҳамад Ассабоҳ, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло Алмаътук ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Сарони ду давлат ҳамроҳ ба ин толори бошукӯҳ ворид гардида, сӯйи минбари ифтихорӣ равон шуданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузаштани сарони ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин сафар 7 санади барои густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар муҳим ба имзо расид. Кунун заминаи мусоиди рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт бо 4 санади соли 1995 имзошуда аз 11 санад иборат аст.

Тавофуқоти зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла миёни соҳибкорони ду кишвар ба даст омад, ки барои оянда заминаи бештари ҳамкории судбахш эҷод хоҳанд кард.

Тавре таъкид гардид, минбаъад Давлати Кувайт дар сармоягузории лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ, роҳсозӣ ва ғайра иштироки хешро бештар намуда, барои рушди ҳамкории мутақобилан судбахш дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, саноати хӯрокворию сабук, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати корӣ, истихроҷи нафту газ, содироти об ва рушди сайёҳӣ ҷаҳду талош хоҳад дошт.

Нишонаи дигари таваҷҷуҳи хосси роҳбарият ва мардуми Кувайт ба боздиди давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар инъикоси васеи ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоти сершумори сатҳу зинаҳои гуногун буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520