Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2013 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад.

Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Шонздаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромие, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки ба даст овардани ризоияти миллӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ ва расидан ба зиндагии ором кори саҳлу осон набуд.

Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне дар он айёми фоҷиаборе, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз печидаву ноором мегардид, нишастан ба сари мизи мулоқот ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд.

Масъалаи наҷоти миллати тоҷик моро маҷбур кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, бо кадом мушкилоте, ки набошад, имзои Созишномаи сулҳро қадам ба қадам наздиктар созем.

Пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт низоъи миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллӣ ба имзо расид.

Моҳияти таърихии санади мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҷавҳари асосии ин бозёфти миллиро майлу хоҳиш ва иродаву ормони мардуми сулҳхоҳамон ташкил медиҳад.

Ба ибораи дигар, омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад.

Аз баракати ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба худ шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуданд.

Қариб як миллион фирориёни иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми Ватан баргашта, осмони меҳани азизро софу беғубор дарёфтанд ва рӯзгори худро дар як муддати кӯтоҳ барқарор намуданд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи камназир пазируфта шудааст.

Созишномаи баимзорасида баъдан ҳамчун ғояи роҳнамои миллӣ барои муайян намудани самтҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории навинамон мусоидат намуд.

Баъди имзои Созишномаи мазкур ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи мо ҳамчун мафҳуми муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби мардуми кишвар ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард.

Зеро ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо заҳмату машаққати зиёд ва гузашта аз ин, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Имрӯз бо номи ваҳдат коху толорҳо, шаҳру деҳот ва хиёбону кӯчаҳо номгузорӣ шуда, моҳияти ваҳдати миллии тоҷикон дар офаридаҳои зиёди адибону фарҳангиёни муосири кишвар васф гардидааст.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Мо – тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.

Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи шонздаҳ соли баъди имзои Созишномаи сулҳ паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

Зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои пешрафти устувори кишвари мо, қабл аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа мисли обу ҳаво зарур мебошад.

Мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем.

Дар ин росто аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд.

Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикру огоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу ватани азизи мо хизмат намояд.

Ҳамчунин ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

Дар ин амали нек рӯҳи поки гузаштагон, дуои хайри модарон ва панди падарону пирони рӯзгордида ҳамеша роҳнамои мо хоҳад буд.

Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ бар фарози Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад!

Бигзор, иттиҳоди халалнопазири халқи куҳанбунёд ва сулҳпарвару тамаддунсози тоҷик пояндаву ҷовидон бод!

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520