Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

27.06.2013 21:24, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз дар Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 16-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд. Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид: “Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш, аз ҷумла таъкид гардид: “мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бепадар мондани ҳазорон ҳазор кӯдакон, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем”.

Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520