Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.06.2013 11:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2013 тасдиқ гардида, ҳисоботи Вазири кишоварзӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015 шунида шуд.

Тавре зикр гардид, ҳадаф аз ин барнома афзун намудани саршумори моҳӣ, боло бурдани маҳсулнокии он, беҳсозии сифати ирсии моҳӣ, таъмини ниёзи бозор бо ин маҳсулот ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ аст.

Иттилоъ дода шуд, ки то қабули барнома дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 8 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 3097 га замин фаъолият доштанд. Майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ 1280 га буд. Дар натиҷаи татбиқи барнома то охири соли 2012 шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ба 150, масоҳати заминҳои онҳо ба 7096 га ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 2912 га расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои барнома ва умуман рушди бахши моҳипарварӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ва васеъ ба роҳ мондани ин фаъолияти бисёрдаромад супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки то охири сол бори дигар ҳисоботи кор дар ин соҳа шунида хоҳад шуд.

Сипас Раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон доир ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, дар 17 соли фаъолияти ноҳия дар ҳудуди он 33 мактаби нав сохта шудааст, ки баробар ба 77% талабот аст. Имсол сохтмони 5 мактаби дигар анҷом ёфта, мушкили норасоии мактабу синфхонаҳо пурра аз миён меравад. Дар маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти Сари Хосор барои 450 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо хобгоҳҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ ва як зумра бунгоҳҳои нави тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ноҳия ва масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ доир ба зиёд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои боғпарварӣ, ҳифзи ҷангалзор, картошкапарварӣ, парвариши замбӯри асал, чорводорӣ ва бунёди зербинои рушди сайёҳӣ дар ин минтақаи биҳиштосо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 баррасӣ шуд. Ба хулоса омаданд, ки нишондиҳандаҳои ин санад то моҳи сентябри соли равон бори дигар дақиқ карда шаванд. Тибқи нишондодҳои кунунии он шумораи аҳолии кишвар дар се соли оянда мутаносибан ба 8 миллиону 232 ҳазор, 8 миллиону 400 ҳазор ва 8 миллиону 581 ҳазор нафар хоҳад расид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 48 миллиарду 500 миллион сомонӣ, 55 миллиарду 530 миллион ва 63 миллиарду 200 миллион сомонӣ бояд расонда шавад. Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин солҳо ба ҳисоби миёна 7,6%-ро ташкил хоҳад дод. Сатҳи таваррум бошад, дар се соли оянда мутаносибан 7,5%, 7% ва 6,5% пешбинӣ шудааст.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи чанд санади қонунгузорӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда пешниҳод карда шуд. Дигаргуниҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи энергетика”, “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ва ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешниҳод мегардад.

Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017 ва Консепсияи мақсадноки миллии илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 тасдиқ карда шуд.

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дар бораи омодагӣ ва баргузории Форуми ҳаштуми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-Пайванд қарорҳо қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба масоили об, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот, захираи фаровони хӯроки чорво ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520