Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

11.06.2007 17:00, Русия

Рӯзҳои 9 ва 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Форуми 11-уми байналмилалии иқтисодӣ ва мулоқоти ғайрирасмии Сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор дошт.

Дар рӯзи аввали сафари кории худ ба шаҳри Санкт-Петербург Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти хоссаи як ба як анҷом дод.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Аз муқаддимаи гуфтори Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин маълум шуд, ки таваҷҷӯҳи хос ба масоили вобаста ба татбиқи санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1 ва имкони ба кор даровардани агрегати аввали он то моҳи декабри соли равон, аз афзоиши ҳаҷми мубодилоти мол байни ду кишвар ва ҳамчунин аз рафти кӯмакҳои ҳарбӣ-техникӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии давлати мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зикр гардид, ки роҳҳои беҳтари иштирок ва саҳмгузории ҷониби Россия дар бунёди иншооти дигари гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои мавҷудаи ҳарду кишвар дар мӯҳлатҳои наздик муайян мегардад.

Таъкид карда шуд, ки марказҳои фарҳангии ҳарду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар бояд ба зудӣ бунёд ёбанд.

Владимир Путин оид ба масъалаи гузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи беҳтар намудани вазъи ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор дошт, ки масъалаи муайян намудани мӯҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520