Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Челябинск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар мулоқот маҷмўъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мусоҳибон нахуст аз сатҳи баланди баргузории машқҳои низомӣ ва иштироки фаъоли ҷониби Тоҷикистон дар онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни муҳокимаи масоили густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ -техникии ду кишвар Владимир Путин аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷониби Россия омода аст шумораи зарурии кадрҳои низомиро барои Тоҷикистон омода кунад.
Робитаҳои судбахши байни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия аз самтҳои муҳимми ҳамшарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба ҷараёни корҳо дар сохтмони нерўгоҳи обии барқии Сангтўда-1 баҳои баланд дода, ба татбиқи дигар лоиҳаҳои бузурги инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла нерўгоҳи обии барқии Роғун ҷалб намудани сармоягузорони давлати Россияро ҷавобгў ба муносибатҳои дўстонаи анъанавии байни ду кишвар ва ҳамчунин талаби замони муосир маънидод карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ , авзои кунунии Афғонистон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.