Иншооти сеюме, ки дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, майдони калон ва тенниси рӯйи миз буд. Чунонки аён гардид, майдони тенниси калон, ҳамчунин дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо харҷи беш аз 150 ҳазор онҳо сомонӣ омода гардидааст.
Дар ин майдон, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нусратулло Файзуллоев бунёд ёфтааст, 6 нафар бо кор таъмин мегарданд. Нусратулло Файзуллоев бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони боз корти дигари теннисро ба уҳда гирифта, изҳор дошт, ки то охири соли равонро онҳоро ба дӯстдорони ин навъи варзиш пешниҳод хоҳад кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони теннис бо варзишгарони теннисбози шаҳри Қурғонтеппа чанд лаҳза бозӣ карда, дар тарғиби амалии варзиш ва тарзи ҳаёти солим саҳми бевосита гузошт.