Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

05.10.2007 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони давлатҳо доир намуд.

Дар вохӯрии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин як қатор масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Россия шарики табиӣ ва стратегии кишвари мо аст ва мо ҷонибдори таҳкиму густариши пайвастаи муносибатҳо ва ба талаботи замони зуд рушдёбандаи муосир мутобиқ гаштани онҳоем", изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мусоҳибон аз ҷараёни ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар ва сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1, ки айни ҳол аз самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба ба шумор мераванд ва ҳамчунин оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар намуданд.

Владимир Путин сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда - 1 - ро заминаи хуби идомаи ҳамкории Россияву Тоҷикистон дар бунёди иншооти дигари гидроэнергетикии кишвари мо маънидод кард.

Ҷонибҳо оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки аз ҷониби Ҳукумати Россия пешниҳод мегардад ва доир ба дарёфти роҳу василаи оғози дубораи бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520