Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарфарозгардонии Владимир Путин бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи як

06.10.2007 18:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз баъд аз анҷоми ҷаласаҳои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардонда, онро баҳои Тоҷикистон ба фаъолияти ӯ дар роҳи барқарорсозии шӯҳрату бузургии давлати Россия ва қадрдонии кишвари мо аз корҳои босамари ӯ дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия маънидод кард.

Сарвари давлати Россия Владимир Путин ин мукофотро баҳои олии Тоҷикистон ба фаъолияти роҳбарияти давлати худ маънидод карда, дар айни замон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорСарфарозгардонии Владимир Путин бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи як  намудани сулҳу осоиш ва ба шоҳроҳи рушди бонизом равона кардани кишвар баҳои баланд дод. Владимир Путин ҳамчунин, изҳор дошт, ки Россия ба ҳайси кафили амнияту суботи Тоҷикистон дар рушду нумӯъ ва гулгулшукуфии он манфиатдор аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520