Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Бохтар

06.07.2013 09:02, ноҳияи Кӯшониён

Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтару Вахши вилояти Хатлон идома ёфт.

Нахуст бо иштироки Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Бохтар як толори бузурги варзишӣ бо майдони васеи бозиҳои гуногун дар саҳнаш ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин иншооти варзишӣ дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Давлатов бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Майдони назди толори варзишӣ дорои шароити зарурӣ барои волейбол, баскетбол, тенниси болои миз ва дигар бозиҳо мебошад.

Худи толор бошад, дорои 250 ҷойи нишатс барои тамошобинон буда, барои намудҳои гуногуни гӯштин, варзиши сабук, аз қабили гимнастика ва фитнес пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони сершумори ноҳияи Бохтар, ки дар миёнашон ғолибону ҷоизадорони зиёди мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳам ҳастанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520