Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ноҳияи Вахш бинои нави филиали Агроинвестбонк боз гардид

06.07.2013 12:15, ноҳияи Вахш

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали Агроинвестбонк дар маркази ноҳияи Вахш, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар 5 ҷойи иловагии корӣ муҳайё гардида, шумораи умумии коргарон ба 20 нафар расидааст.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло пасандозҳои аҳолӣ дар ин филиал ба 3,3 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,5 миллион зиёд аст. Ин нишонаи афзоиши даромадҳои мардум ва ҳам бештар гардидани боварии онҳо ба бонкҳо мебошад.

Сандуқи қарзии ин филиали Агроинвестбонк аз 3,4 миллион сомонӣ иборат буда, қариб 300 мизоҷи қарзгиранда дорад. Беш аз 70% қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520