Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани хишти аввали корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Вахш

06.07.2013 12:18, ноҳияи Вахш

Дар ноҳияи Вахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи бузурги ресандагӣ оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта то моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ватании Беҳрӯзи Мурод сохта, ба кор дароварда мешавад.

Корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он 350 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ бо технологияи муштараки Олмону Япония муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти хушсифати сатҳи ҷаҳонӣ тавлид хоҳад кард. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки оянда коркарди нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монанд, яъне корхонаҳои бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либос низ бунёд хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520