Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия

27.05.2006 18:00, Россия

Рӯзи 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо мақсади дар сатҳи олӣ баррасӣ намудани масоили таҳкиму тавсиаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ба шаҳри Сочи сафар кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни сафари якрӯзаи корӣ ба шаҳри Сочӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти хоссаи як ба як анҷом дод.

Дар вохӯрии сарони ду кишвари дӯст маҷмӯи васеи масоили ҳамшарикии стратегӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифт.

Масоили татбиқи амалии созишномаҳое, ки моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба имзо расида буданд ва ҳамчунин дигар санадҳои ҳамкорие, ки аз соли 1991 ин ҷониб имзо шудаанд, аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президента Федератсияи Россия Владимир Путин гардид.

Зикр карда шуд, ки аз 14 санади ҳамкорие, ки соли 2004 ба имзо расида буданд, 12-тоаш бомуваффақият дар амал татбиқ мегарданд. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки баҳри татбиқи амалии ду ҳуҷҷати дигар низ чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон таъкид дошт, ки барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи 20 санади нави ҳамкорӣ омода гаштааст, ки айни ҳол дар ҳолати баррасии ҳарду ҷониб қарор доранд.

"Яке аз масъалаҳои асосии онҳо кушодани марказҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия дар пойтахтҳои ҳамдигар мебошад, ки омили вусъатбахши робитаҳои илмию фарҳангӣ, амалҳои башардӯстона ва наздикшавии халқҳои мо хоҳад гашт", афзуд Эмомалӣ Раҳмонов.

Ҷонибҳо аз болоравии сатҳи тиҷорати мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки ҳаҷми мубодилаи мол дар соли 2005 нисбат ба соли 2004 30 фоиз ва дар чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 60 фоиз афзоиш ёфтааст.

Зимни сӯҳбат сохтмони нерӯгоҳи обии барқии ""Сангтӯда-1" аз ҷониби ширкати РАО ЕЭС ва корҳои ҷустӯҷуию омӯзиши захираҳои газу нефти Тоҷикистон аз ҷониби ширкати "Газпром"-и Федератсияи Россия намунаҳои олии ҳамкориҳои мушаххаси иқтисодии ду кишвар маънидод карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлати Тоҷикистон бо ин кишвар, таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва омода кардани кадрҳои низомӣ барои сохторҳои қудратии ҷумҳурии мо табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520