Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тӯйи хайрияи дастаҷамъона дар ноҳияи Вахш

06.07.2013 13:15, ноҳияи Вахш

Дар ноҳияи Вахш низ дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 10 ҷуфти навхонадорон ва 150 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд.

Ба ҳар яки онҳо низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии яквақта ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.

Ба 10 ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор 8 садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520