Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаб-интернат барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Вахш

06.07.2013 19:34, ноҳияи Вахш

Бегоҳии рӯз дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш, ки аз ҷумлаи калонтарин хоҷагиҳои ин ноҳия ба шумор меравад, мактаб-гимназияи хусусии байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин мактаб, ки бо 32 синфхонаи ҳамаҷониба муҷаҳҳаз барои 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии мазкур Қурбоналӣ Юсупов бо харҷи беш аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Синфхонаҳои мактаб, вобаста ба фанҳои дарсӣ, бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, дигар воситаҳои муосири таълимӣ, аз ҷумла барои ташкили дарсҳои фосилавӣ дар алоқа бо дигар мактабҳои дохил ва хориҷи кишвар муҷаҳҳаз мебошад. Барои дасрҳо аз фанҳои дақиқ ба мисли физика, кимиё ва биология синфҳои озмоишӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ омода мегарданд. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфҳои лингафонӣ ҳам муҷаҳҳаз мешаванд. Барои дарсҳои ҳунаромӯзии писарону духтарон бошад устохонаҳои муҷаҳҳази дуредгарӣ, дӯзандагӣ, пухтупази хӯрок ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Толори маҷлисии мактаб дорои 200 ҷойи нишаст буда, имкон аст, ки дар он ҳар гуна маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва дилхушӣ ба роҳ монда шавад.
Ошхонаи мактаб ҳам бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби замонавӣ мебошад.

Толори варзишии мактаб барои намудҳои гуногуни машқу тамрин ва бозиҳо аз ҷумла фитнес ва тенниси рӯйи миз пешбинӣ шудааст.
Мактаб, ҳамчунин дорои майдони калони варзишӣ барои футбол ва дигар бозиҳо буда, дар як паҳлӯи он майдони тенниси калон ҳам бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Майдони калони варзишӣ дорои 1,5 ҳазор ҷойи нишасти болопӯшида мебошад.

Дар ҳудуди ин мактаб, ҳамчунин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ сохтаанд, ки ба стандартҳои варзишии ҷаҳонӣ мутобиқ аст.

Ҳамаи иншооти варзишии мактаб дорои шароити зарурӣ барои ташкил ва гузарондани мусобиқаҳои байнимактабии сатҳи ноҳия, вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ мебошанд.

Хобгоҳи зебою муосири мактаб барои 400 нафар хонандаи ба ҷойи зист ниёздошта пешбинӣ шудааст. Дар он тамоми шароити будубоши шаборӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё мебошад.

Беш аз 2,4 км роҳҳои дохил ва атрофи мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ ободу мумфарш карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти васлгардида ва омодасозии шароити таълимӣ, будубош ва истироҳату фароғат дар ин мактаб баҳои баланд дода, ба Қурбоналӣ Юсупов ва ҳамаи онҳое, ки дар иҷрои ин кори воқеан пурсавоб саҳм гузоштаанд, арзи сипосу қадрдонӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки хонандагон барои таҳсил дар ин мактаб бояд тариқи озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам минтақаҳои дигари кишвар қабул карда шаванд. Тибқи ҳидоятҳои Президенти кишвар, роҳбарияти мактаб ва ҳам омӯзгорони он бояд омодагӣ ва касбияти баланди сатҳи байналмилалӣ дошта бошанд.

Дар майдони бошукӯҳи варзишии мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки масъулини ҷумҳуриявии ин соҳа ва ҳамчунин роҳбарону фаъолони ноҳияи Вахш машварати корӣ доир намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳибкори ин мактаби муҳташамро бунёднамуда ва ҳамаи соҳибкорони дигаре, ки мактабу иншооти дигари варзиширо бунёд намудаанд, арзи сипос кард.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои сершумору муттасили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш аз масъулини соҳа даъват карда шуд, ки таълиму тарбияи насли наврасро дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монанд.

Ҳамчунин доир ба рушди соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, роҳсозӣ ва ғайра дода шуд. Таъкид гардид, ки кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини корами обӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки рӯзҳои наздик барои навсозии қисмати зиёди роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Вахш аз манбаъҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар идома додани навсозии роҳҳои маҳаллии мошингард соҳибкорон низ саҳми худро дареғ намедоранд.

Дар охири мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли нишаст маҳфили тӯлонии пурсишу посух баргузор гардид. Зимни он ба пурсишу дархостҳои зиёди иштирокдорони мулоқот посух дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520