Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

23.07.2006 17:00, Россия

Нимаи дуюми рӯзи 22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.

Президенти Федератсияи Россия ба нақши Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар муттаҳидсозии мавқеи ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаллу фасли масоили дорои аҳамияти зиёди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баҳои баланд дод.

Дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин таъкид намуд, ки минбаъд дар баробари дигар тадбирҳои судбахши дуҷониба дар бунёди нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ аҳамияти бузурги стратегӣ дорад, бевосита Ҳукумати Федератсияи Россия саҳмгузор хоҳад шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз устувории муносибатҳои ҳамшарикии стратегии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Президенти Федератсия Россия Владимир Путин барои дастгирии ҳамаҷониба аз пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи як қатор масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳарбию техникӣ, амнияти минтақавию байналмилалӣ, пурзӯр намудани мубориза бо хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар карда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Сарони дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо онҳо мубодилаи афкор намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520