Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шифохонаи нави бемориҳои сил дар вилояти Хатлон

07.07.2013 08:37, ноҳияи Вахш

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ташриф оварда, дар маросими тантанавии ифтитоҳи шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити хуби ташхису табобати бемории сил, аз ҷумла зикр гардид, ки шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кумаки хориҷӣ бунёд ёфтаанд. Диспансери нав дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ, ренгени электронии рақамӣ ва ғайра ва шифохона дорои 60 кати хоб мебошад.

Танҳо дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.

Ин муассисаи тиббӣ дорои утоқҳои физиотерапия, намакдармонӣ, қимиздармонӣ ва варзиши тиббӣ низ буда, ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидааст.

Шифохона, ҳамчунин дорои шароити осоишгоҳӣ ва шабакаи ягонаи мустақилли гармидиҳӣ мебошад. Заминаи моддию техникии махсус, ҳамчунин барои дарсҳо ва табобати фосилавӣ бо шаҳри Душанбе, шифохонаи Мачитон ва муассисаҳои дигари ин соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар муҳайё гардидааст.

Шифохона хоҷагии хурди ёрирасон низ дорад, ки дар он чорво, аз ҷумла аспу модаговҳои ҷӯшоӣ барои гирифтани шир ва қимиз парвариш меёбад. Ба раиси ноҳияи Вахш дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани имконоти хоҷагии ёрирасони ин шифохона ба он замини иловагӣ ҷудо намоянд. Тавре таъкид гардид, яке аз давоҳои асосии бемории сил хӯроки хуби серғизо мебошад.

Дар шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил беш аз 80 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд.

Чунонки зикр гардид, беморхонаи пешинаи вилоятии бемории сил  дар ноҳияи Бохтар қарор дошта, хеле фарсуда гардидааст.

Ба иттилои роҳбарони соҳа, сохтмони боз як бинои иловагии табобатӣ дар назди шифохонаи нави вилоятӣ бо 100 кат ва 2 шифохонаи дигар, яке бо 60 ва дигарӣ бо 100 кат дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб идома дорад.

   Дар ҳамин шифохонаи вилоятии бемории сил Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сардухтурони муассисаҳои тандурустии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти судманд анҷом дод.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити хубе, ки барои муоина, ташхис ва табобати беморон дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, ҳозирин ва кулли олимону мутахассисони ин соҳаро ба муносибати ҷиддию ғамхорона бо ниёзмандон, омодасозии босифати кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла барои кор бо дастгоҳҳои навтарини замони муосир, даъват намуд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари ба хориҷа барои табобати шаҳрвандонаш муроҷиаткунанда ба давлати қабулкунандаи беморони хориҷӣ барои ташхису табобат табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки танҳо соли гузашта беш аз 3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон табобати босифат гирифтаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520