Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тӯйи хайрияи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

07.07.2013 12:41, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштирок дар тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд оғоз ёфт.

Ин маросими бошукӯҳ ва дар айни замон каммасрафи хайрия дар деҳаи Чапаеви ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.

Ба ҳар як оилаи ҷавон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии хайрия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки аз телевизор, яхдон, мошини дӯзандагӣ, чангкаш, қолин ва дигар ашёи рӯзгор иборат аст.

Ба кӯдакони хатнашавандаи оилаҳои ниёзманд бошад, сару либоси гуногун, дучарха, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ғайра тақдим карда шуд.

Базми шодию фараҳи дастаҷамъона, ки барои навхонадорон ва кӯдакони ханташаванда ва ҳамчунин наздикону пайвандани онҳо барпо гардид, басо зебою хотирмон ҷараён гирифт.

Нишоти бепоёни онҳо беш аз ҳама аз иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин базми хурсандияшон буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сипас ба ошёнаи дуюми ҳамин бино баромада, ҳамчунин ба 359 нафар кӯдакону наврасон ва донишҷӯёни 7 ноҳияи вилояти Хатлон, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд. Онҳоро аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷамъ овардаанд.

Ба наврасони аз синфи 7 боло ва донишҷӯёни ятим дар баробари дигар ашёи зарурӣ, яктогӣ планшет тақдим карда шуд.

Ҳамин тариқ, тайи боздиди корӣ аз вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 629 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ расонд.

Ҳамчунин дар шаҳри Курғонтеппа ва 3 ноҳияи ин минтақа тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳузур доштани роҳбарият ва масъулини бахшҳои иҷтимоии ноҳияҳои мазкур онҳо ва кулли мардуми саховатпешаро ба ғамхории доимӣ ба аҳолии ниёзманди кишвар, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520