Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба поён расид

07.07.2013 16:21, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин боғи фарҳангу фароғатӣ пас аз навсозӣ, шифохонаи амрози занона ва боз як коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароит барои чорабиниҳои фарҳангӣ ва дилхушию фароғати кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ муҳайё гардидааст, дастур дод, ки дар ҳудуди боғ майдони тенниси калон низ бунёд намуда, ҳамчунин олоту асбоби варзиши баданро ҳам васл намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рафти шиносоӣ бо бинои нави шифохонаи амрози занона, ки ин ҳам аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд ёфтааст ва ҳам боздид аз коргоҳи хусусии дӯзандагӣ  супориш дод, ки минбаъд дар маркази ноҳия биноҳои хурди якошёна сохта нашаванд. “Биноҳои маркази ноҳия бояд аз ду ошёна кам набошанд”, - таъкид дошт Сарвари давлат.

Соҳибкороне, ки ин коргоҳи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то моҳи сентябри соли 2014 боз чанд коргоҳи дигар бо 250 ҷойи корӣ сохта, ба кор медароранд.

Бо ҳамин сафари серӯзаи кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба поён расид.

Хотиррсаон бояд намуд, ки тайи ин сафар як зумра корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, иншооти зиёди хизматрасонӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони се корхонаи бузурги саноатии равғанкашӣ, ресандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ бо имкони муҳайё намудани қариб ҳазор ҷойи корӣ оғоз ёфт. Шумораи коргарони корхонаи нассоҷии Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа то охири сол аз 650 нафари ҳозира ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд. Дар шаҳри Қурғонтеппа нахустин автодроми инноватсионӣ бо навтарини технологияи замони муосир, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ нахустин аст, майдони тенниси калон, дар ноҳияи Бохтар аквапарки замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ноҳияи Вахш мактаб-гимназияи байналмилалии хусусӣ, ки бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни ин сафар ба 629 нафар ятимони бе падару модар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон кумаки моддии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Курғонтеппа ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ маъракаҳои хайрияи тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона ороста шуд. Ин амалҳои хайру савоб, ки бо иқдомоти ҷавонмардонаю саховатмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи рамазон баргузор гардиданд, барои кулли мардуми сарватманду саховатпеша намунаи ибрату пайравӣ мебошад, зеро хайроту садақот, аз ҷумла дар ин моҳи шарифу муборак бояд маҳз ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона гарданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520