Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Вахш

06.07.2013 19:34, ноҳияи Вахш

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи боздиди кории мо аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш идомаи шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳамзамон бо ин, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, инчунин дидору гуфтугӯ бо мардум бо мақсади рафъи мушкилоту норасоиҳои мавҷуда мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони меҳнатдӯсти вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш Ватанамон рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст.

Мо чанд лаҳза пеш шоҳиди ба истифода супоридани боз як иншооти наву замонавии соҳаи маориф гардидем, ки натиҷаи неки раванди созандагиву ободкории диёрамон мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо – устодону шогирдон ва кулли кормандони маориф, инчунин мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боз як мактаби нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст, табрик гуфта, ба устодону кормандони ин боргоҳи илму маърифат барору муваффақият ва ба толибилмон таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳоло дар ноҳия ба иловаи мактаби навсохти имрӯза 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 1600 нафар омӯзгорон ба 36 ҳазор нафар фарзандони аҳолӣ сабақ медиҳанд.

Тибқи маълумот муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ асосан таъмин мебошанд.

Танҳо дар соли хониши 2012-2013 109 нафар мутахассисони ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳия фиристода шудаанд.

Ғайр аз ин, ҳар сол тибқи квотаи Президент аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия даҳҳо нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд ва имрӯз қариб 100 нафар духтарону писарони лаёқатманди ноҳия тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил менамоянд.

Дар соли таҳсили 2013-2014 тибқи квотаи Президентӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Вахш 21 ҷой ҷудо гардида, бо довталабон аллакай сӯҳбат гузаронида шудааст.

Дар асоси Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии кишвар то ҳол мактабҳои ноҳия бо 760 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки 89 фоизи барномаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Вахш дар давоми солҳои 2008-2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 25 мактаб барои 3510 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 16 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар назди мактабҳои рақами 4, 26 ва 43 сохтмони 16 синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, ҳамаи онҳо то оғози соли нави хониши 2013-2014 ба истифода дода мешаванд.

Илова ба ин, тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” сохтмони бинои нави мактаби рақами 7 барои 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мактаб - гимназияи хусусие, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, барои 500 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Юсупов Қ. сохта шудааст.

Дар иртибот ба чунин иқдоми созандаи шаҳрвандонамон таъкид менамоям, ки Ҳукумати кишвар дар баробари таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳамчунин ба бунёди онҳо аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин равандро минбаъд низ дастгирӣ менамояд.

Зеро таълиму тарбияи фарзандон танҳо вазифаи падару модар ва давлат набуда, балки вазифаи тамоми афроди ватандӯсту саховатпешаи ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, бори дигар ба шахсони саховатпеша, тоҷирону соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар баробари корҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти таълиму тарбия ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани фарзандонамон тавассути бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимии хусусӣ ва толорҳои варзишӣ саҳмгузорӣ менамоянд, изҳори сипос менамоям ва иброз медорам, ки онҳо бо чунин ташаббусҳои неку хайрхоҳонаашон намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.

Гимназияи имрӯза дорои 16 синфхонаи таълимӣ, ду озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ошхонаву китобхона, ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳ ва толору майдони варзишӣ бо 1500 ҷойи нишаст мебошад.

Дар он инчунин майдони варзишӣ, майдончаҳо барои бозии баскетболу волейбол, теннису футболи хурд ва майдончаи фитнес бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ омодаи истифода мебошанд.

Яъне тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия ва солимии хонандагони болаёқати ин гӯшаи диёрамон фароҳам оварда шудааст ва аз устодону хонандагон танҳо тақозо мегардад, ки бо шукргузорӣ аз даврони орому осудаи Ватан аз шароити мусоиди мавҷуда самаранок истифода бурда, ҷиҳати ҳамаҷониба азхуд кардани илму дониш саъю талош варзанд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар натиҷаи кӯмаку дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифи кишвар тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст ва нишондиҳандаҳое, ки мо дар даст дорем, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш гувоҳи равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Вале бо вуҷуди ин, ба кормандони соҳаи маорифи вилоят зарур аст, ки дар хусуси боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар давоми солҳои истиқлолият нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадриҷан баланд гардида истодааст, ки дар ин раванди созанда саҳми тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла заҳматкашони ноҳияи Вахш хеле назаррас мебошад.

Мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳия ва умуман водии овозадори Вахш бо меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозиашон машҳур буданд ва насли имрӯзаи онҳо низ хислатҳои неки инсондӯстиву ганҷофарии гузаштагони некноми худро сарбаландона идома дода истодаанд.

Соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Вахш дар мадди назари доимии Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тавассути дастгириҳои давлатӣ ҳамаи бахшҳои ноҳия тадриҷан рушд карда истодааст.

Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Вахш беш аз 370 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншоот, таҷдиду бунёди роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона гардидааст.

Агар дар ин давра маблағи даромадҳои буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 100 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, Хазинаи Президенти мамлакат ва дигар маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо ба ноҳия беш аз 270 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ӯҳдадориҳои давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маошу нафақа ҳамасола бо таври назаррас зиёд гардида, сол аз сол беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия барои рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила афзун гардонидани иқтидори иқтисодӣ ҳоло захираву имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд.

Пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон сол аз сол зиёд гардида, танҳо дар соли 2012 ба соҳибкорони ноҳия беш аз 68 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2006 ду баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия беш аз 41 миллион сомонӣ, аз ҷумла 16,5 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб шаш миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Илова бар ин, дар асоси Фармони Президент ва қарори Ҳукумати кишвар соли 2009 ба хотири ҳимояи хоҷагиҳои пахтакор аз муфлисшавӣ ва дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ қарзи хоҷагиҳои пахтакор ба андозаи қариб ду миллиард сомонӣ аз эътибор соқит карда шуд, ки аз он танҳо ба ноҳияи Вахш 110 миллион сомонӣ рост меояд.

Ғайр аз ин, дар зарфи солҳои истиқлолият бо ҷалби маблағҳои сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар ҳудуди ноҳия якчанд лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ гардида, масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия тадриҷан ҳал гардида истодаанд.

Умуман дар 7 соли охир дар миқёси ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расида, 6 лоиҳа дар ҳоли амалисозӣ қарор дорад. Дар ин давра дар доираи татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳия 138 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Вобаста ба ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, инчунин таъмини самаранокиву шаффофият ва хароҷоти мақсадноки маблағҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Шумораи субъектҳои соҳибкории ноҳия аз соли 2008 инҷониб мунтазам афзоиш ёфта, соли равон теъдоди онҳо ба 2900 расидааст.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия асосан аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла ноҳияи Вахш супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ аҳамияти зарурӣ зоҳир намоянд.

Чунки рушди соҳибкорӣ тавассути воридсозии технологияҳои муосир ва ташкили корхонаҳои нав омили асосии васеъ ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулот, воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Аз соли 2011 то инҷониб дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон 23 адад иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 200 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Танҳо дар се соли охир тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат қариб 7,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, 2300 нафар бекорон соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд. Вале ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имкониятҳои ноҳия ҳоло ҳам кам мебошад.

Аз соли 2009 то инҷониб бо дастгирии ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳидаи саховатманд тӯйҳои дастаҷамъонаи беш аз ду ҳазор кӯдакони ятиму бепарастор ва маъракаи хонадоршавии 80 ҷуфт ҷавонони ноҳия баргузор карда шудааст.

Тавре ки борҳо иброз намудаам, Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору эҳтиёҷманд аҳамияти махсус медиҳад.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо, соҳибкорону шахсони сарватмандро зарур аст, ки чунин амалҳои хайру савобро мунтазам амалӣ намоянд.

Ман як-ду рӯз пештар андешаҳои худро доир ба ин масъалаи муҳим дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар баён доштам ва ҳоло таъкид месозам, ки супоришҳои додашуда бояд сари вақт иҷро карда шаванд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Фаровонии ашёи хоми маҳаллӣ ва қувваи корӣ имкон медиҳад, ки коркарди ҳарчи бештари саноатии он ба роҳ монда шавад.

Ҳоло дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо коркарди шир ва меваю сабзавот, матоъ ва масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст, ки танҳо аз ин ҳисоб беш аз 400 нафар аҳолии ноҳия соҳиби ҷойи кору сарчашмаи зиндагӣ мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, тибқи нақша то охири соли 2013 дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон 6 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Соли гузашта дар ноҳия ду корхонаи истеҳсолӣ ва имсол як корхонаи дӯзандагӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст ва инчунин як корхонаи дигари дӯзандагӣ сохта шуда, вақтҳои наздик ба фаъолият оғоз менамояд, ки аз ин ҳисоб қариб 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар натиҷаи амалишавии барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати ноҳия ҳамасола зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ аз 51 миллион сомонии соли 2006 соли гузашта ба 117 миллион сомонӣ расидааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд. Зеро имкониятҳои воқеии ноҳия дар самти рушди саноат то ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ ва болоравии талаботи рӯзафзуни бозор ба маводи ғизоӣ моро водор менамояд, ки бо истифода аз технологияи пешқадам ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ноҳияи Вахш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ 30 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз кам мебошад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки мавсими фаровонии қувваи барқ бояд ҳамаҷониба истифода бурда шавад, инчунин аз ҳоло сар карда, ҷиҳати омодагии аҳолӣ ва ҳамаи иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба фасли зимистон тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Дӯстони азиз!

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони асосии ноҳия ҳамасола зиёд мегардад ва танҳо дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар ин самт беш 102 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Агар дар соли 2006 дар бахши сохтмони ноҳия 14 миллион сомонӣ масраф шуда бошад, пас ин рақам охири соли соли 2012 беш аз 8 баробар зиёд гардидааст.

Дар ин давра 116 иншооти саноативу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Инчунин бо мақсади дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингард ва иншооти ёрирасони он ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд ва ҳаҷми онҳо солҳои охир пайваста рӯ ба афзоиш дорад.

Дар баробари маблағҷудокуниҳо аз буҷети марказӣ, инчунин дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тайи солҳои охир амалӣ карда мешавад.

Илова бар ин, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ 6,5 километр роҳҳои дохилии ноҳия таъмир карда шудааст.

Махсус қайд менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири осон кардани рафту омади сокинон ва воридоту содироти молу маҳсулот ҳамасола садҳо километр роҳҳои байнишаҳриву аҳамияти байналмилалидоштаро азнавсозиву барқарор карда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро низ зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таҷдид ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дӯстони азиз!

Дар натиҷаи заҳмати кишоварзони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ торафт афзоиш ёфта, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 75 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳоло барои кишоварзони мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш давраи серташвиш фаро расидааст.

Яъне кишоварзон бояд ҳосили зироатҳоро ҳарчи зудтар ва беталаф ҷамъоварӣ карда, кишти такрориро сари вақт ба анҷом расонанд.

То имрӯз дар ноҳия дар масоҳати 3500 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 гектар зиёд буда, 47 фоизи дурнамои соли ҷориро ташкил менамояд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани зироатҳои баҳорӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, барои дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонидани кишти такрорӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ созанд.

Зеро сари вақт ва бо риояи талаботи агротехникӣ гузаронидани кишти такрорӣ омили муҳими фаровонҳосилӣ ва коҳиш ёфтани нархи маҳсулот дар бозор мебошад.

Истифодаи самараноки талу теппаҳои зиёди ноҳия минбаъд имконият фароҳам меорад, ки боғу токпарварӣ ва чорводорӣ ба соҳаҳои муҳим табдил дода шаванд, зеро амалисозии ин иқдом боиси зиёд гардидани ҳачми истеҳсоли меваҷот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Хотиррасон менамоям, ки то ҳол дар аксар ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Вахш нигоҳдошт ва коркарди меваю сабзавот ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат ба исрофу талафёбии маҳсулот ва ба зарари иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани истеҳсолкунандагон оварда мерасонад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки ба масъалаи ҳарчи бештар ба коркарди саноатӣ фаро гирифтани меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои ҳарчи бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Аз ин рӯ зарур аст, ки Вазорати кишоварзӣ якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати ихтироъ, ноҳиябандӣ ва истеҳсоли тухмиҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки як – ду рӯз пештар дар мулоқоти зикршуда бо намояндагони аҳли ҷомеа гуфтам, рӯзҳои наздик моҳи шарифи Рамазон - моҳи хайру саховат ва файзу баракат фаро мерасад ва дар робита ба ин тамоми мардуми вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахшро бори дигар бо фарорасии ин моҳи муборак табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки ҳар як роҳбар ва шахси масъул, кормандони ҷамоатҳо ва фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, умуман ҳамаи онҳое, ки имконият доранд, ин моҳи муборакро барои анҷом додани корҳои хайру эҳсон ва кӯмаку дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон, бепарасторон, беморону камбизоатон ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба хонаҳои ятимону дигар муассисаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.

Инчунин умедворам, ки калонсолону аҳли зиё ва ходимони дин дар ин моҳи шариф ба панду насиҳат ва талқини ахлоқи ҳамида ва ойини ватандориву ватанпарастии ҷавонону наврасон эътибори аввалиндараҷа медиҳанд ва ба таҳким бахшидани хислатҳои неки инсонӣ дар замири онҳо мусоидат менамоянд.

Дар фарҷом бори дигар изҳори итминон менамоям, ки мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш дар оянда низ барои ободии диёр ва Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дучанд заҳмат мекашанд ва ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардидани иқтидори давлатамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолии кишвар саҳми хешро дареғ намедоранд.

Барои расидан ба ҳадафҳои неку созандаамон ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша комёбу сарфароз бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520