Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

15.06.2009 13:00, Россия

17-уми июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуд.

Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ гузашт ва дар семоҳаи якуми соли равон болоравии он беш аз 80% - ро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани 60 миллион юан маблағи грантӣ, ё худ кӯмаки бебозгашт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ қарори дахлдор қабул намуд.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки тамоми санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳу пулҳо, туннелҳои Шаҳристону Шаршар ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол дар Тоҷикистон бо суръат ва сифати баланд амалӣ мегарданд.

Сарони ду давлат омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш, аз ҷумла оид ба сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Кулма-Хорӯғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва минтақаи озоди тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон таъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи санадҳои миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баимзорасида оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар болои дарёи Хингоб, Маркази нави барқу гармидиҳии бо ангишт коркунанда дар шаҳри Душанбе ва корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ояндаи наздик оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда мешаванд.

Бо назардошти нақшаҳои калони ҳамкории иқтисодӣ бунёди Хазинаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чин зарур шумурда шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин ба нафъи кулли минтақа ва рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ буда, ба таҳкими амнияту субот, аз ҷумла дар Афғонистони азиятдида низ мусоидат хоҳад намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳарбӣ- сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ки аз самтҳои асосии ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520