Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

11.06.2010 17:00, Ӯзбекистон

Сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошкант бо мулоқоти ў бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао оғоз ёфт.
Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Ҷумҳурии Мардумии Чинро мо шарики стратегӣ ва муътамади Тоҷикистон шумурда, ба таҳкиму густариши муносибот бо он манфиатдорем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон.

Ху Тсзинтао дар навбати худ изҳор намуд, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ҳамаи тадбирҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар устуворона дастгирӣ намояд».

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, қабл аз ҳама аз татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки иқтисодию инфрасохторӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба суръат ва сифати кори ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва корхонаҳои саноати кўҳкорӣ машғуланд, баҳои баланд дода шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.

Ху Тсзинтао ба нақши байналмилалии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар омодасозии ин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва умуман таҳкими эътибори ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос намуд.

Раиси ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ таъкид намуд.

Зикр гардид, ки масъалаи аз ҳисоби сандуқи қарзии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳаҷми умумии маблағаш 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, барои кишварҳои аъзои ин созмон пешбинӣ шудаааст, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дорад. Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки имсол ҳукумати ҷумҳурии Мардуми Чин барои дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 80 миллион юани чинӣ (6,7 юан =1$) грант ва барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ 5 миллион юани чинӣ кўмаки башардўстона ҷудо мекунад. ҳаҷми ҳаҷми умумии ин маблағҳо ба зиёда аз 13 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои такмили техникии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-қаросу ва таъмини кори он дар ҳамаи фаслҳои сол ва ҳамчунин баҳри густариши робитаҳои Тоҷикистон бо минтақаи Синсзян-Уйғури ҷумҳурии Мардуми Чин кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ, аз ҷумла масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520