Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи нахустин корхонаи муосири коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав

20.07.2013 09:53, ноҳияи Шаҳринав

Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави Капитал ба кор дароварда шуд, ки бо коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он машғул хоҳад буд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск бо харҷи беш аз 70 миллион сомонӣ дар 10 га замини санглохи бекорхобида бунёд ёфтааст.

Бо иқтидори кунунияш корхона имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазути аълосифат истеҳсол кунад.

Чунонки иттилоъ доданд, ояндаи наздик иқтидори корхона ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин кор то охири соли 2014 анҷом дода шавад.

Масоҳати замини барои ин корхона ҷудогардида ва лоиҳаи сохтмону таҷҳизи он имкон медиҳад, ки оянда иқтидори ин корхона ба коркарди то 500 ҳазор тонна нафт ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тайёр зиёд карда шавад. Номгӯйи маҳсулоти тайёри нафтӣ низ ояндаи наздик афзун гардида, аз ҷумла истеҳсоли навъҳои беҳтарини бензин ба роҳ монда мешавад.

Ҳоло дар ин ҷо 111 нафар мутахассисону коргарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, ки аксари куллашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва асосан аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Тавре зикр гардид, барои омодасозии мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона омӯзгорони баландпояи касбӣ ба ин ҷо аз хориҷи кишвар даъват карда шуда будааст. Имрӯз, аксари ин мутахассисон пас аз хатми курси семоҳаи таълимӣ барои кор дар чунин корхона, ки дар Тоҷикистон нахустин аст, аллакай варзидаю корозмуда шудаанд.

Чунонки аён гардид, идораи кори корхона бо дастгоҳҳои муосири компютерӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии ҳамин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту коргарони корхона ва ҳам фаъолони ноҳияи Шаҳринав мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили истеҳсолию иқтисодӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла доир ба оини рӯзадорӣ, ифторороӣ ва пешвози иди шарифи рамазон изҳори андеша кард. Зимни баррасии ин масоил аз исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум, ки барои ифторҳо ва рӯзи иди фитр, бесарусомониҳое, ки дар арафаи ид дар бозорҳо ба назар мерасад  ва ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза аз ҷониби савдогарон шадидан изҳори нигаронӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520