Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

23.01.2007 18:00, Чин

Аз 15 то 21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.

Бо нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихи муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ оғоз ёфт. Ҳарду ҷониб бо ҷиддияту дилгармии зиёд ба ин сафар омодагӣ гирифта буданд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро бо иштироки горди фахрӣ ва шиору навиштаҷоти самимӣ Mуовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Хуэй, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ли Хуэйлай, намояндагони гурӯҳи кории ҳайати Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар қасри Маҷлиси Умимихитойии намояндагони халқӣ ё худ Парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шукӯҳу шаҳомати хоссаи сафарҳои давлатӣ баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифт.

Ба ифтихори ташрифи давлатии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар толори бузурги маросими истиқболи расмӣ парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин овехта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Мардумии Чин саф ороста буд.

Нахуст Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао аз назди сафи ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб гузашт карда, бо аъзои онҳо шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба болои минбари ифтихорӣ баромаданд ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод.

Садои 21 шиллики тӯпҳо, ки шиллики миллатҳо ном дошта, хоси фақат сафарҳои олирутбатарини давлатӣ аст, танинандоз гашт.

Баъди садо додани сурудҳои миллӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт карда, ҷониби парчами давлатии он эҳтиром ба ҷо оварданд.

Пас аз маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баргузор гашт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Чин ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгириаш аз сиёсати ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар равона гардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳор дошт: "Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздик, дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Таҳкиму густариши равобити дӯстона бо он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо буд, ҳаст ва дар оянда ҳам боқӣ хоҳад монд".

Ҷонибҳо оид ба имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф мубодилаи афкор намуданд. Онҳо аз он, ки дар зарфи панҷ соли охир мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда аз бист маротиба афзоиш ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро баҳри рушди бештари робитаҳои мутақобилан судбахш таъкид доштанд.

Ҷониби Чин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмоновро оид ба таҳияи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо барои мӯҳлати то соли 2015 дастгирӣ намуд.

Гузашта аз ин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки давлати Чин минбаъд низ сиёсати босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри инкишофи босуботи иҷтимоию иқтисодии он дастгирӣ хоҳад намуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ҳамчунин ба ҳукумати кишвараш супориш дод, ки ба Тоҷикистон ба маблағи 70 миллион юан кӯмаки бебозгашт расонад.

Ҷонибҳо ба сатҳи боварию эътимоди байниҳамдигарӣ баҳои баланд дода, оид ба муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар масоили байналмилалӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми мулоқотҳои расмии сарони ду кишвар маросими имзои санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ баргузор гашт, ки дар ҷараёни он 6 ҳуҷҷат ба имзо расид.

Зери Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Ҷинтао имзо гузоштанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ ва Созишнома оид ба тақдими як адад таҷҳизоти худгарди рентгении тафтишотӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобоев ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Бо Силай ба имзо расид.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба алоқаи ҳавоиро Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии Ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Ҳокимшо Тиллоев ва Раиси Саридораи авиатсияи гражданӣ Ян Юанюан имзо намуданд.

Протоколи иловагӣ ба Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарипов ва Вазири маорифи Хитой Чжоу Сзи ба имзо расид.

Ба Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Хитой Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва Муовини раиси Бонки давлатии рушди Хитой Яо Чжонмин имзо гузоштанд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао изҳор намуданд, ки Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар санадҳои ба имзорасида ба марҳилаи сифатан нави ҳамкории бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Хитой асоси боэътимод гузошта, омили таҳкимбахши муносибатҳои мутақобилан судбахши ду кишвар мегарданд.

Шоми он рӯз Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Ҷинтао ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар толори бузурги Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқӣ бо ширкати роҳбарияти олии кишвари дӯсту ҳамсоя, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони аҳли ҷомеа ва корпуси дипломатӣ зиёфати бошукӯҳи расмӣ орост.

Субҳи рӯзи 16 январ дар шаҳри Пекин бо ҳузури ҳайати расмии Тоҷикистон ва гурӯҳи калони соҳибкорону тоҷирони ду кишвар Форуми тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иштирок ва суханронӣ намуд.

Қабл аз оғози форуми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум У И мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин ва масоили дар Форуми тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз болоравии сатҳи ҳамгироиҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2006 ба 300 миллион доллари амрикоӣ расид, ки он аз нишондодҳои соли 2005 50% зиёд аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов нақши шахсии хонум У Иро, ки тобистони соли 2005 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми ду кишвар дар соҳаҳои коммуникатсия ва энергетика махсус қайд карда, ба ӯ арзи сипос намуд.

Мусоҳибон оид ба рушду густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла чунин соҳаҳои стратегӣ ба мисли энергетика ва саноати кӯҳӣ мубодилаи афкор намуда, зикр намуданд, ки айни ҳол маҷмӯи калони лоиҳаҳо байни ҳайатҳои расмӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар баррасӣ мегарданд.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба густариш ва таҳкиму таъмиқи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш таъкид намуданд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум У И барои иштирок дар Форуми тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба маҳалли баргузории он ташриф оварданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар форум суханронӣ намуда, оид ба самтҳои муҳимму манфиатбахши ҳамкориҳои ду кишвар дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон андешаҳои мушаххасу асоснок иброз намуд.

Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷумла нақши доираҳои ҳукуматӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар иқтисодиёти Тоҷикистон муҳимму намоён арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки айни ҳол дар ҷумҳурии мо наздики 50 лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегарданд.

Дар суханронӣ зикр гардид, ки танҳо дар давоми панҷ сол Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 630 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои моддӣ расондааст, ки аз он 30 миллионаш грант мебошад.

Лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак бо нақби Шаҳристон, 37 пулҳои хурду бузург ва иншооти тӯлонии зиддитармавӣ, нақби Шаршар, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати "Ҷануб-Шимол" ва "Лолазор-Хатлон" аз ҷумлаи лоиҳаҳое арзёбӣ гардиданд, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ буда, бо ҷалби сармоя ва мутахассисони Чин татбиқ мегарданд. Зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз чил ширкату корхонаҳои Чин пурсамар фаъолият мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмонов оид ба сол ба сол беҳтар шудани фазои инвеститсионии Тоҷикистон маълумоти дақиқ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки барои муҳайё намудани шароити боз ҳам мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба наздикӣ дар кишвари мо се минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил дода мешавад.

Муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум У И низ дар форум суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои рушду густариши ҳамкориҳои бисёрҷабҳа, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон таъкид намуд.

Ӯ аз ҷумла изҳор намуд, ки давлати Чин ҳама барномаю лоиҳаҳои ҳамкории соҳибкорони худро бо шарикони тоҷикистонӣ мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ қарор медиҳад.

Хонум У И робитаҳои Тоҷикистону Чинро дорои дурнамои бузург маънидод кард.

Дар ҷараёни форуми мазкур, ки ба як маҳфили озоди шиносоӣ бо имконот ва роҳу усулҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорони ду кишвар табдил ёфт, иштирокчиёни он робитаҳои наву умедбахш ба роҳ монданд.

Тоҷирону соҳибкорони Чин бо назардошти дурнамои умедбахши лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, коркарди саноатии пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин туризм таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуданд.

Беш аз ҳама ба соҳаи сердаромади гидроэнергетика ва рушди туризм ба хотири эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим мароқ зоҳир гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои форум, ки дар кори он 50 нафар соҳибкорони тоҷик ва беш аз 200 нафар роҳбарони корхонаю ширкатҳои Чин иштирок доштанд ва гуфтушунидҳои қаблӣ, ки дар асоси муносибатҳои ҳасанаи байни ду кишвар, пеш аз ҳама дар сатҳи роҳбарони аввали онҳо Эмомалӣ Раҳмонов ва Ху Ҷинтао амалӣ мегарданд, як қатор санадҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.

Аз ҷумла Меморандуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Корпорацияи Сюан Юани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи анҷоми сохтмони корхонаи хишти ноҳияи Ҳисор, корхонаи лампаҳои барқӣ дар шаҳри Исфара, сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Данғара ва як корхонаи истеҳсоли сантехника ва маводи ороишии сохтмонӣ аз ҷониби Муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов ва Муовини президенти корпоратсияи Сюан Юани Чин Ксю Ҳайлонг ба имзо расид.

Ду меморандуми дигар аз ҷониби Сардори саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва роҳбарони ду ширкати бонуфузи Чин ба имзо расид. Яке бо ширкати ТВЕЛ- и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи омӯзиши геологӣ дар маҳалли зуҳуроти мис ва дуюм бо Корхонаи гелогия ва маъдани Бродтек дар бораи корҳои омӯзишӣ дар маҳалли зуҳуроти қалъагӣ ва истихроҷи бор дар кони "Бор". Маҳаллҳои зуҳуроти мису қалъагӣ ва кони мазкур ҳар се дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ қарор дорад. Дар назар аст, ки танҳо дар давраи омӯзишии ҳарду лоиҳа беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ сармояи давлати Чин ҷалб карда мешавад.

Баъди анҷоми Форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Президенти ширкати "Синоҳайдро"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сзисянро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти он ҷонибҳо оид ба сохтмони як нерӯгоҳи обии барқӣ дар болои дарёи Зарафшон бо иқтидори 150 мегават ба мувофиқа расиданд.
Нерӯгоҳи мазкур, ки арзиши тақрибии сохтмонаш 300 миллион доллари амрикоӣ аст, бо се агрегат дар як сол 537 миллион кВт/c нерӯи барқ истеҳсол хоҳад намуд.

Тибқи ин лоиҳа ҳамчунин як стансияи тақсимоти барқ ва 60 км хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз маҳалли нерӯгоҳ то ноҳияи Панҷакент бунёд мегардад.

Созишнома дар бораи сохтмони он баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷониби Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" Шарифхон Самиев ва Президенти ширкати "Синоҳайдро"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сзисян ба имзо расид.

Нимаи дуюми рӯзи 16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умимихитойии Намояндагони Халқӣ У Банго мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба масоили ҳамгироиҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо нақши мақомоти олии қонунгузори ду кишварро дар рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа муҳим арзёбӣ карданд.

Мусоҳибон аз сатҳи муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла ҳалли масъалаи сарҳадӣ, бастани Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, гузоштани заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ, назари ягона доштан ба масоили ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ дар асри 21 ва нақши муштаракро дар мубориза бо хатарҳои муосири байналмилалӣ дастовардҳои муҳимми байнидавлатии Тоҷикистону Чин маънидод намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳамчунин ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илму техника таъкид намуда, рушди чунин муносибатҳоро омили муҳимми наздикшавии халқҳои ду кишвари ҳамсоя маънидод карданд.
Рӯзи 16 январ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Пекин гурӯҳи калони донишҷӯёни Тоҷикистонро, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсили илм мекунанд, ба ҳузур пазируфт.

Байни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ва донишҷӯёни тоҷик оид ба ҷараёни илмомӯзӣ дар донишгоҳҳои Чин, шароити зист ва таҳсили онҳо мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки аз шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин бо квотаҳои муайяннамудаи Ҳукуматҳои ду кишвар таҳсил мекунанд, аз 5 нафари соли 1995 дар соли 2006 ба 21 нафар расид. Соли ҷорӣ бошад, ин шумора ба 30 нафар мерасад.

Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки имрӯз дар Чин 63 нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои иқтисодчӣ, дипломатия, журналистика, соҳаи телекоммуникатсия ва тарҷумони забони хитоӣ таҳсил мекунанд.

Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва саволу ҷавоб бо донишҷӯён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба шахсони масъул барои таъмини робитаи зичи онҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастрасӣ ба барномаҳои телевизион ва радиои ватанӣ ва бартараф намудани дигар мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов онҳоро ба хониши хубу аъло ва омӯзиши амиқи илмҳои муосир, ки дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа аҳамияти зиёд доранд, ҳидоят намуд.

Дар ҷараёни сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар қароргоҳи мувақққатии худ дар шаҳри Пекин намояндагони сершумори доираҳои бонуфузи соҳибкорӣ, бонкӣ ва тиҷоратии ин кишварро, ки хоҳишу мароми ташкил намудани ҳамкориҳои васеи судбахш бо Тоҷикистонро доранд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфта, сӯҳбатҳои пурмӯҳтаво доир намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Муовини раиси ширкати "Ситик-групп" Ли Шлик масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфуз, ки гардиши амволаш 100 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.

Дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ин ширкат воситаҳои нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои наздик мавриди таҷдид қарор дода мешаванд. Тибқи мувофиқаҳои бадастомада аз ҷониби ин ширкат бо шарту шароити мусоид ва қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон 23 тепловози нав ворид карда мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи Чин роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва Колхозобод-Панҷи Поён бунёд гардида, роҳи оҳани Конибодом-Бекобод бо воситаҳои муосири таъминоти барқ муҷаҳҳаз гардонда мешавад.

Ли Шлик ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қавл дод, ки дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягие, ки байни Тоҷикистону Чин вуҷуд доранд, ҳамкориро бо шароит ва имтиёзҳои барои Тоҷикистон мусоид ба роҳ мемонад.

Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Муовини Президенти Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин "ЭКСИМ-бонк" Ли Дзюн масоили сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон амалӣ мешаванд, баррасӣ гардид.

Ли Дзюн иброз дошт, ки Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳое, ки бо кӯмаки молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ мегарданд, пешсаф аст. Манзур аз гуфтаи ӯ татбиқи босуръати лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чанак", сохтмони хаттҳои интиқоли нерӯи барқи баландшиддати 500 киловолтаи "Ҷануб-Шимол" ва 220-киловолтаи "Лолазор-Хатлон" аст.

Дар мулоқот оид ба рушду густариши бештари ҳамкориҳо бо ҷалби сармояи ЭКСИМ-бонк дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Ли Дзюн омодагӣ ва ҳавасманди роҳбарияти бонки худро дар рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла иброз намуд, ки ЭКСИМ-бонк омода аст натанҳо барномаҳои байниҳукуматӣ, балки лоиҳаҳои байниидоравӣ ва байни соҳибкорони ду кишварро сармоягузорӣ кунад.

Дар назар аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Зарафшон бо сармоягузории ЭКСИМ-бонк аллакай моҳи марти соли равон расман оғоз гардад.

Масоили ҳамкории байнибонкии Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Муовини аввали Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ё Дзун Мин баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо оид ба сармоягузорӣ ва дастгирии барномаю лоиҳаҳои имрӯза ва ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди байнибонкии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Ё Дзун Мин барои рушди ҳамкориҳо бо кишвари мо изҳори ҳавасмандии амиқ намуда, таъкид дошт, ки Бонки давлатии рушди Чин кори худро барои ҷустуҷӯ ва интихоби ширкатҳои мувофиқи Чин баҳри фаъолият дар Тоҷикистон вусъат медиҳад ва лоиҳаҳои имрӯзаю ояндаро сармоягузорӣ мекунад, то ки нақшаю барномаҳои стратегии ба нафъи кишвари худ ва минтақа равонагардидаи Ҳукумати Тоҷикистон босамар татбиқ гарданд.

Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва Муовини аввали Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ё Дзун Мин ба ду санад- Созишномаи умумӣ оид ба мубодилаи асъорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин ва Созишнома оид ба ташкили намояндагии муштарак байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин имзо гузоштанд.

Ин рӯйдодро метавон нишона аз ниятҳои неку умедбахши ҳамкориҳои байнибонкии ду кишвар маънидод кард.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Мудирияти ширкати "Шанхай-Бел-Алкател" Юан Син масоили ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол ду лоиҳаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳҳомии Тоҷиктелеком ва ширкати "Шанхай- Бел-Алкател" ва як лоиҳаи ҳамкорӣ бо Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳоли омӯзишу баррасӣ қарор доранд.

Ширкати "Шанхай- Бел-Алкател" ният дорад, ки бо ҷалби сармояи Чин дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб -ро бо воситаҳои муосири алоқа таҷҳизонида, дар ҳамкорӣ бо Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар таҷдиди тамоми системаи алоқаи роҳи оҳани ҷумҳурӣ иштироки фаъол дошта бошад.

Юан Син изҳор дошт, ки ширкати "Шанхай- Бел-Алкател " бо Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкории худро барои омода кардани кадрҳои соҳаи телерадиокоммуникатсия васеъ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар рушди ин соҳаи кишвари мо хоҳад гузошт.

Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия ҳамчунин бо Директори генералии ширкати "Хуавей"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Рен Женг Фей баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки техникаю таҷҳизот ва технологияҳои пешқадами ин ширкат ҳоло дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон истифода мегардад. Аз ин хотир ширкатҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон низ бо он ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд.

Ҳамкории он бо Тоҷикистон соли 2001 оғоз ёфта, соли 2005 намояндагии доимиаш дар Душанбе кушода гардид. Дар намояндагии он имрӯз беш аз 50 нафар кор мекунанд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Рен Женг Фей изҳор дошт, ки барои ҳамкории боз ҳам бештари Тоҷикистон бо ширкати "Хуавей" дар як муассисаи олии таълимӣ ва ду мактаби таҳсилоти ҳамагонии кишвари мо системаи электронии таълими фосилавӣ ба тарзи ройгон васл хоҳад кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин баҳри рушди ҳамкориҳо дар омода кардани мутахассисони соҳаи телерадиокоммуникатсияи Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

Мулоқоти судманди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти ширкати "Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорейшн"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Юйшен доир гардид.

Дар мулоқот атрофи тафсилоти лоиҳаи азнавсозии роҳҳои автомобилгарди "Душанбе-Чанак" ва "Айнӣ-Панҷакент", ки аз ҷониби ин ширкати бонуфузи Чин амалӣ мегардад, сурат гирифт.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво Чен Юйшен, аз ҷумла изҳор дошт, ки ширкати "Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорейшн" омода аст, ки дар татбиқи амалии дигар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон низ иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва наздикшавии халқҳои онҳо гузорад.

Рӯзи 20 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо мақсади шиносоии наздик бо иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва муваффақиятҳои соҳибкории хусусии минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба музофотҳои Хубей ва Хайнани ин кишвар сафар намуд.

Дар музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов нахуст бо губернатори он Ли Чун Мин мулоқот намуд.
Дар вохӯрии онҳо оид ба дастовардҳои роҳбарият ва мардуми ин музофот дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва мошинсозӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Зикр гардид, ки ин музофот бо Тоҷикистон умумияти зиёд дорад. Аз ҷумла таъкид рафт, ки музофоти Хубей аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар Чин ҷойи чорум ва аз рӯи истеҳсоли нерӯи барқ мақоми аввалро ишғол мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнепргетика самти афзалияти имконпазири ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва мутахассисону ширкатҳои ин минтақаи Чин маънидод гардид.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва губернатори музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чун Мин ба мавзеи нерӯгоҳи обии барқии Сан Ся, ки дар болои дарёи бузурги киштигарди Чин Янтси бунёд ёфтааст, ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо нерӯгоҳи мазкур тафсилоти кору нозукиҳои он аз наздик шиносшуд.

Зимни боздид маълум шуд, ки баландии сарбанди нерӯгоҳ ҳамагӣ 180 метр аст, вале аз ҳисоби ҳаҷми зиёди оби дарё ва шумораи зиёди агрегатҳояш иқтидори истеҳсолии ин нерӯгоҳ дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст.

Сохтмони пурраи нерӯгоҳ бо 32 агрегат бояд соли 2009 анҷом ёфта, иқтидори истеҳсолии он ба 22,4 ҳазор мегават расонда шавад. Аз 32 агрегати лоиҳавӣ имрӯз 14 тоаш омодаи коранд. Дарозии обанбор бошад, 600 километр буда, ҳаҷми оби дарё, ки истеҳсоли нерӯи барқ ба бешу камии он вобаста аст, дар фаслҳои гуногуни сол аз 4 ҳазор то 14, 3 ҳазор метри кубиро дар як сония ташкил медиҳад.

Ҳангоми ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз сабаби камии об дар фасли зимистон аз 14 агрегати омодаи кор танҳо 6 тоаш нерӯи барқ истеҳсол мекард.

Қобили тазаккур аст, ки сарбанди нерӯгоҳ садди роҳи ҳаракати киштиҳо дар ин дарё нагаштааст. Барои таъмини бемонеаи ҳаракати киштиҳо дар поёни сарбанд системаи лифтмонанди шлюзҳо (дарвозаҳои обӣ) иборат аз панҷ ҳавз сохта шудааст, ки тавассути онҳо киштиҳо аз поёни дарё ба сатҳи болои обанбор бардошта ва аз обанбор ба поён фароварда мешаванд.

Хосияти хотирмони дигари ин нерӯгоҳ дар он аст, ки тамоми системаи идориаш автоматӣ кунонда шуда, шумораи коргарони он ҳамагӣ 350 нафар аст.

Дар музофоти Хайнан, ки яке аз ҷазираҳои калонтарини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қисмати ҷануби он аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов асосан бо таҷрибаи соҳибкорони ин кишвар, ки барои бунёди инфраструктураи туризм ба даст овардаанд, аз наздик шинос шуд.

Ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо аз ҷумла дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо губернатори музофоти Хайнан Ло Пао Мин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қароргоҳи муваққати худ Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи ZTE (Зе Те И) Хоу Вей Гуейро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушду камоли ҳамкории ин корпоратсияи бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби корпорацияи ZTE дар Тоҷикистон бо ҳамдастии шарикони тоҷик ширкати телефонии "ТК-мобайл" таъсис ёфта, имрӯз босамар фаъолият мекунад.

Хоу Вей Гуей изҳор дошт, ки корпоратсияи ZTE имрӯз ҳамчунин бо Ҷамъияти саҳҳомии "Тоҷиктелеком", ҳамкории босамар ба роҳ монда, ният дорад, ки ин муассисаи давлатии соҳаи алоқа ва ширкати телефонии "ТК-мобайл"-ро ба операторҳои асосию пешқадами Тоҷикистон табдил диҳад. Барои татбиқи ин ниятҳо ба корпоратсияи ZTE ва ширкати телефонии "ТК-мобайл" аз ҷониби Бонки давлатии рушди Чин 73 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гаштааст, ки қисмати зиёди он аллакай аз худ карда шудааст. 30 миллиони боқимондаи он соли равон пурра аз худ карда мешавад, таъкид намуд Хоу Вей Гуей.

Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои телерадиокоммуникатсионӣ ва омода кардани кадрҳои ин соҳа таъкид намуданд.

Дар шаҳри Саняи музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо таҷрибаи пурғановати боғдорӣ ва гулу ниҳолпарварии мутахассисони варзидаи ин соҳа аз наздик шинос шуда, барои ҷорӣ намудани технология ва тарзу усули парвариш ва нигоҳубини гулу ниҳолҳо дар Тоҷикистон ба шахсони дахлдор дастуру ҳидоятҳо дод.

Хотиррасон мекунем, ки зимни сафари давлатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин аз бузургтарин осорхонаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин, воқеъ дар майдони Тяннянмини шаҳри Пекин дидан карда, бо тафсилот ва хосиятҳои таърихи бостонии давлатдороии чиниён аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 21 январ ба анҷом расид.

Дар роҳи бозгашт ба Ватан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳангоми таваққӯфи кӯтоҳмуддат дар шаҳри Сиани музофоти Шенсӣ бо намояндаи ҳукумати ин музофот Чжан Бао Вен ва Ноиби раиси корпоратсияи Сифей Танг Ҷун мулоқот намуд.

Дар мулоқот имконоти ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чин ва харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои мусофирбари корпоратсияи Сифей баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳавопаймоҳои мусофирбари МА-60, ки бо камхарҷӣ ва нишондодҳои дигари техникиаш барои хатсайрҳои дохилӣ ва минтақавӣ мувофиқ аст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии Ҳавопаймоии "Тоҷикистон" дастур дод, ки дар давраи аввал барои харидорӣ намудани ду адад чунин ҳавопаймо бо шарту шароити барои кишвари мо мувофиқ чораҷӯӣ намояд.

Зикр гардид, ки ин ҳавопаймо, ки 58 ҷойи нишаст дорад, метавонад ғайр аз хатсайрҳои дохилӣ дар парвозҳои минтақавӣ ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек, Урумчӣ, Кобул, Қарочӣ, Машҳад ва ғайра истифода шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар воситаҳои ахбори он ва дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла радио телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет васеъ инъикос гардида, мавриди таҳлилу баррасии доираҳои илмию сиёсӣ қарор гирифт.

Ҷараёни сафари давлатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов аз тариқи радио ва шабакаҳои тевизионии Тоҷикистон бо гузоришҳои телефонии Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарипов ҳамарӯза васеъ инъикос гардид. Мавриди зикр аст, ки имрӯз барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони Сафина дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон тариқи моҳвора пахш мегардад.

Ҳамин тавр зимни нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихи муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя марҳилаи сифатан нави ҳамкорию ҳамгироиҳо ибтидо гирифт. Асоси боэътимоди ин давронро пеш аз ҳама Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил хоҳад дод.

Зимни ин сафар ҳамчунин дар зинаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ ва байни соҳибкорону тоҷирон ва бонкҳои ду кишвар 12 созишномаю қарордодҳои дигар ба имзо расиданд, ки ҳамчунин бозгӯ аз натиҷаҳои пурсамари ин сафаранд.

Аз рӯи натиҷаҳои ин сафари бобарор дар назар аст, ки аллакай моҳи марти соли равон сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Зарафшон оғоз ёбад. Лоиҳаҳои сохтмони панҷ иншооти дигари гидроэнергетикӣ мавриди омӯзишу баррасии амиқ қарор доранд. Ба наздикӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсоли семент, хишт, лампаҳои барқӣ, маводи ороишии сохтмонӣ, сантехникӣ ва бисёр иншооти хурду бузурги дигар ибтидо мегирад.

Дар ҷараёни ин сафар таваҷҷӯҳи мо ва ҳама касонеро, ки ба он мароқ доштанд, беш аз ҳама сатҳи баланди пазироӣ, муносибати дӯстона ва эҳтироми самимии ҷониби Чин дар ҳама сатҳу зинаҳо ҷалб намуд, ки бозгӯ аз обрӯю нуфуз ва эътибори минтақавию байналмилалии Тоҷикистони мо ва Сарвари бедордилу дурандеши он Эмомалӣ Раҳмонов аст. Умед аст, ки баъди сафари бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сармояи давлати бузурги Чин ба иқтисодиёти тараққикунандаи кишвари азизи мо ворид мегардад.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобоев, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гулов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимов, Раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов, Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" Шарифхон Самиев, Сардори роҳи оҳан Амонулло Ҳукумов, Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии Ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Ҳокимшо Тиллоев, Сардори саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Шоми рӯзи 21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан омад.

Дар фӯрудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520