Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор

23.07.2013 17:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор телефонӣ ҳисобот доданд.

Зимни ҳисобот таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, хусусан дар моҳи шарифи рамазон ва ҳамчунин фаровон захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон аз ҳар ваҷаб замини корам ва ҳамаи имконоти дигари мавҷуда пурсамар истифода баранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи рамазон ва арафаи иди саиди фитр ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бояд дасти кумак дароз карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони ноҳияҳои номбурда, доир ба иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои ин кор дар нимсолаи якуми соли равон ва андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки ба омодасозии иншооти соҳаи маориф ба соли нави хониши 2013-2014 ва ҳамчунин ба зимистони пешомад таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.



 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520