Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2013 17:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан тасдиқ карда шуд.

Тавассути лоиҳаҳои қонунҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи молия”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи туризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва ғайра.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, таъсиси Муассисаи давлатии парваришгоҳи “Баҳри Норак” ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон” тасдиқ карда шуд.

Дар мавриди омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид гардид, ки иншооти сершумори бахшида ба ин санаи бузурги таърихӣ омодашаванда бо сифати баланд ва бо назардошти унсурҳои волои меъмории бостонии миллӣ ва муосири ҷаҳонӣ бунёду навсозӣ шаванд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки барои босифат омода намудани шабакаҳои барқии кишвар, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамъоварии ҳосили мавҷудаи маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захирасозии озуқаворӣ, хӯроки чорво ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани нигоҳубини роҳҳои мошингард аз тамоми имкону захираҳо пурсамар истифода бурда шавад.

Супоришҳои мушаххаси дигар дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили об, ки дар аввали даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520