Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Владимир Путин

02.08.2013 10:14, Русия

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар ба Владимир Владимирович Путин барои ибтикорашон ҷиҳати баргузории мулоқоти имрӯза изҳори сипос намоям.

Натиҷаи асосии дар доираи мулоқотҳои созандаи баргузоргардида мо таҳкими мусбати тамоюли маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Русияро мебинем.

Дар муҳити расмӣ ва маҳрамона мо роҷеъ ба масоили муҳими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия табодули назар карда, дурнамои шарикии стратегиамонро муҳокима намудем ва роҳҳои ҳалли беҳтар ва дурусти онҳоро муайян намудем.

Яке аз муҳимтарин масъала дар ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-сиёсии мо бо Русия анли ҳол тасвиби Созишнома доир ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст. Мехоҳам қайд намоям, ки муносибати мо нисбат ба ин масъала ҷиддӣ аст ва мо қатъиян омодаем, ки уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худро иҷро намоем. Бо назардошти ҳалли кунунии як қатор масоили марбут ба мушкилоти пойгоҳ бо баргаштани парлумони мамлакат аз рухсатӣ ин масъала тирамоҳи соли ҷорӣ ҳалли худро меёбад.

Дар раванди робитаҳои мунтазами сиёсӣ мо як қатор масоили характери минтақавӣ ва байналмилалидошта, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистонро баррасӣ намудем.

Дар меҳвари таваҷҷуҳи мо масоили таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дошт.

Дар ҳошияи он аҳамияти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар ҳамчун омили субот ва амнияти минтақа зикр гардид. Аҳамияти ин омил аз ҳисоби ихроҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 бо дурнамои рушди бисёрҷанбаи ҳодисаҳо меафзояд.

Тоҷикистону Русия ҳамчун узви СААД, албатта, ҷиҳати таҳкими марз бо Афғонистон тадбирҳо меандешанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон бо мақомоти қудратии Афғонистон ҳамкории асоснок ва самаранок дорад, ки ин дар қиболи воқеаҳои минбаъда аз аҳамият холӣ нест.

Дар баробари ин, мо ба хулоса омадем, ки татбиқи санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудаанд, тезонида шаванд.

Ҳарду ҷониб доир ба ин масъала чораҳои зарурии аз онҳо вобаста бударо меандешанд.

Бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия зикр гардид.

Таҳлили пастшавии баъзе нишондодҳои гардиши мол миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Федератсияи Русия дар давоми нимсолаи аввали соли 2013 беш аз чорсад миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2012 бештар аз ҳафту ним фоиз кам аст.

Ҷониби тоҷикистонӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати вусъати ҳамаҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русияю Тоҷикистон дар баробари ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ таъкид намуд, ки ин на танҳо барои тамоми маҷмӯи муносибатҳои мо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад, балки бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳалли пурраи як силсила мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Агар дар мавриди вазъияти кунунӣ сухан гӯем, дар кишвари мо зиёда аз яксаду даҳ корхонаи муштарак фаъолият мекунад, ки миёни онҳо ширкатҳои бузурге, амсоли «Газпром», «Мегафон», «Билайн», «Интер РАО ЕЭС» ва ғайра мавҷуданд. Ин гуна фаъолиятро мо мепазирем.

Бахши энергетика дар қатори дигар соҳаҳои анъанавии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳо нишон дода шуд.

Мо бо қаноатмандӣ натиҷаҳои умедворкунандаи корҳои Газпромро оид ба омӯзиш ва азхудкунии конҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон зикр намудем.

Дар шароите, ки Тоҷикистон ба захираҳои иловагии энергетикӣ ниёзи бештар дорад, татбиқи фаъоли лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Газпром амалӣ мешаванд, барои мо аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Аз ҷониби Русия ҳавасмандии мо ҷиҳати бунёди НБО-ҳои нав бо иқтидори миёна қабул гардид.

Ҳамчунин масоили вобаста ба як силсила мушкилоти молиявӣ дар НБО «Сангтӯда-1» бинобар сабаби қарздории ШСХК «Барқи Тоҷик» аз он баррасӣ шуданд.

Ман шарики худ, муҳтарам Владимир Владимирович Путинро аз чораҳое, ки барои беҳтар сохтани вазъият дар ин самт дида мешаванд, воқиф сохтам.

Дар мулоқоти мо таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи ҳассосе, чун муҳоҷирати меҳнатӣ равона гардид. Мукаммалсозии доимии заминаи шартномавию ҳуқуқие, ки бо ин масъала пайванд аст, беҳтарсозии шароити меҳнат ва ҳаёти ин табақаи шаҳрвандонамон барои мо афзалияти тағйирнопазир дорад ва аз ин рӯ, дар рӯзномаи ҷаласаи мулоқоти мо ин масъала ба сифати яке аз масоили муҳим қарор дошт.

Мо ба муҳимияти такмили минбаъдаи корҳои Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳияти асосии танзим ва пешрафти ҳамшарикии серсоҳаи тиҷоратию иқтисодии мо маҳсуб мешавад, ишора намудем.

Таваҷҷуҳи хосса ба масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.

Мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи кишварҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем.

Ин гомҳо дар солҳои охир дар ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии бонуфуз- Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов ва Донишкадаи оҳану фӯлоди Маскав зоҳир гардиданд. Дар навбат ифтитоҳи боз як филиали Донишкадаи энергетикии Маскав қарор дорад. Ба як силсила шуъбаҳои Фонди «Русский мир» асос гузошта шуд, дар дигар соҳаҳои хусусияти фарҳангию гуманитарӣ дошта низ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Дар маҷмуъ, мо аз натиҷаи гуфтушунидҳои доиршуда қаноатмандем.

Ин гуфтушунидҳо бори дигар мувофиқати пурра ва ё наздикии назари ҷонибҳоро доир ба мушкилоти зиёди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин оид ба масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба нишон доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520