Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод

24.09.2010 22:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла тезондани бунёди нерўгоҳи обии Сангтўда-2, роҳҳои оҳану мошингард ва хатти интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз қаламрави Афғонистон зоҳир карда шуд.

Масоили густариши ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвари ҳамсоя низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520