Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати иди Фитр

07.08.2013 10:05, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Субҳи рӯзи ҳаштуми август моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи мағфирату бахшиш ва иҷобати дуоҳо интиҳо меёбад ва иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад.

Тавре ки чанде пештар дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи Рамазон хотирнишон намудам, маҳз ба шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба эҳёи суннату анъанаҳои гузашта ва таҷлили иду маросимҳои милливу динии худ муяссар гардиданд.

Зеро ҳар иду маросим ва ҳар суннати неки ниёгон, ки аз қаъри таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ҳамроҳи рӯҳи миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги ғановатманди миллӣ ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву ободгарамон мебошад.

Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.

Мардум дар ин рӯзи муборак пас аз як моҳи сабру таҳаммул ва тоату ибодат ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд ва ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр фиристода, аз даргоҳи Офаридгор барои худ, хешу табор, ёру дӯстон ва сарзамини аҷдодӣ саломатӣ, бахту саодат ва суботу оромиро талаб менамоянд.

Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум пас аз иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек ва амалҳои хайру савоб ҳама якҷо шодиву сурур мекунанд. Ва кӯшиш мекунанд, ки ин хурсандӣ насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад, зеро Худованд пас аз як моҳи омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.

Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ин рӯзи муборак, яъне иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоматон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Дар ин рӯзи саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поку мубин меҳисобем, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ орзу кунем. Ва аз даргоҳи Худованд талаб намоем, ки то рамазони дигару иди оянда мардуми шарифи моро дар паноҳи хеш нигоҳ дорад.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар шароити озоди давлати демократӣ мо имрӯз имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи ин рӯзи саидро, ба хусус доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем.
Фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳиму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст. Ба ибораи дигар, иди саиди Фитр маросими шукрона ва расидан ба қадри неъматҳост.

Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардидаро ба ҷо оварем.

Зеро шукргузорӣ аз неъмат ва қадршиносӣ аз дастовардҳо неъматро афзуну дастовардҳоро дучандон мегардонад.

Шоир ва орифи барҷастаи тоҷик Мавлонои Румӣ барҳақ фармудааст:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Бузургтарин неъматҳои мардум ва давлати мо, ки албатта сазовори ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист, зеро маҳз ба туфайли онҳо халқи Тоҷикистон озодии эътиқод ва баргузории озодонаи иду маросимҳои мардумӣ ва динӣ, инчунин имконияти заҳмати созандаро ба хотири ободии Ватан ба даст овард.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад!
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520