Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқотҳои дуҷониба доир намуд.
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўст баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи асосӣ ба тезондани суръати татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама бунёди нерўгоҳи обии Сангтўда-2 ва шурўи кор дар арсаҳои нави ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Афзоиши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, иштирок дар сохтмони роҳу пулҳо, нерўгоҳҳои барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рушди инфрасохтори туристӣ аз самтҳои афзали ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, роҳҳои ба эътидол овардани он ва барқарорсозии ҳаёти осоишта сурат гирифт.