Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод

27.03.2010 18:00, Эрон

Рўзҳои 26 ва 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои таҷлили байналмилалии иди «Наврўз» ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Худи ҳамон рўз дар шаҳри Теҳрон бо иштироки сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўсту ҳамзабон баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз нахустин иҷлоси Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, арзи сипос намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин даъват намуд, ки дар ҳамоиши байналмилалии 10 – солаи амалиёти «Об барои ҳаёт (2005-2015)», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошад.

Аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат изҳори қаноатмандӣ карда шуд. қаноатмандӣ, аз ҷумла, аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, ҷудо гаштани 5 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми комили корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ва аз оғози раванди омодасозии асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои бунёди нерўгоҳҳои обии Шўроб ва Айнӣ зоҳир карда шуд.

Гуфтугўйи судманд оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ оид истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пахта ва пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли хўрокворӣ ва дигар маводи ниёзи ҳаррўза ва ҳамчунин дар бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ сурат гирифт. Бо ин мақсад ҷоннок намудани кори Кумитаи муштараки ҳалли мушкилоти сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон зарур шумурда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон зоҳир карда шуд. Гуфтугўйи судбахш доир ба суръат бахшидан ба масъалаҳои тарҳрезӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳи заминӣ дар масири «Панҷи Поён (ҶТ) – Қундуз – Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – ҳирот (ҶИА) – Машҳад (ҶИЭ) », бунёди роҳи оҳани «Румӣ – Панҷи Поён – Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад», хатти интиқоли барқи «Роғун – Сангтўда – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад» сурат гирифт.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ «аз бахшҳои муҳими робитаҳои бародаронаи Тоҷикистону Эрон» маънидод гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо иди Наврўз ва ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон гаштани он табрику шодбош гуфтанд.

Мубодилаи андешаҳо ҳамчунин оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520