Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки баҳри иштирок дар конфронси байналмилалии бахшида ба рафти иҷрои Барномаи 10 – солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Масоили ҳамкории стратегии дуҷониба ва ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Эрон нахуст дар вохўрии хоссаи сарони ду давлат сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои бунёдии инфрасохторӣ баҳри пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон зоҳир карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод баҳри кўмакҳои бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди нерўгоҳи обии Сангтўда - 2 ва татбиқи бисёр лоиҳаҳои дигари иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки тавассути ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон робитаҳои мустақими кишвари мо бо Осиёи ҷанубӣ ва баромади он ба роҳҳои баҳрӣ таъмин мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро ба ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, ҳарбию техникӣ ва амнияти минтақавӣ таъкид намуд.
Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба рўзномаи мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва ҳамгироии муштарак баҳри таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.