Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе

15.08.2013 10:42

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.

Имрӯз равобити ҳасана ва мутақобилан судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар марҳилаи рушди худ қарор доранд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехоҳам таъкид намоям, ки ҷониби Тоҷикистон дар маҷмӯъ нисбати дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид бо Ҷумҳурии Корея аз диди нек мавзеъгирӣ менамояд ва хоҳони густариши онҳо мебошад.

Бо камоли масаррат ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти кориатон дастовардҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея – пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520