Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно

17.08.2013 11:42

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишвари дӯст сарфарозам Шумо ва мардуми Индонезияро сидқан табрику муборакбод гӯям.

Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ байни ду кишвар равобити ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта, дар такя ба сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ масири густариши зина ба зинаро касб карданд.

Имрӯз Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои хеле ҳам зиёди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро дороанд ва мутмаинам, ки мавриди татбиқ қарор додани онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти мо мебошад.

Дар ин рӯзи саид ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Индонезия – сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520