Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19.08.2013 08:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Имкони хубе бароям муяссар шудааст, ки Шумо ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрику таҳният гӯям.

Муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифро таъкид намуда, омодагии хешро барои идомаи мунтазами муколамаи созандаи байни ду давлати дӯсту бародар дар сатҳҳои гуногун иброз менамоям.

Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро, ки ба арзишҳои волои ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб дониста, ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.

Бо камоли масаррат ва таманнои хушрӯзиву пирӯзӣ, сулҳу субот ва комёбиҳои рӯзафзун ба мардуми дӯсти Афғонистон ба Шумо, Ҷалолатмаоб, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва пешрафту муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520