Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брага

19.08.2013 17:08, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфт.

Аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазироӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: “Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад на воситаи низоъ”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки “Шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520