Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

11.02.2008 18:00, Эрон

Рӯзҳои 9 –ум ва 10-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фазои тантанавӣ ва бо эҳтирому самимияти бародарона истиқбол гирифтанд.

Ҳадафи асосии сафар суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда -2 ва бартараф сохтани мушкилоти энергетикии Тоҷикистон маънидод гашт.

Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои пурсамари ду кишвари дӯсту ҳамзабон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон то имрӯз мунтазам ва бо манфиати зиёд барои ҳарду ҷониб рушду такомул меёбанд.

Дидору мулоқотҳои сершумори роҳбарияти сиёсии сатҳи олии ду кишвар ва робитаҳои пурсамари дигар сатҳу зинаҳои сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва беш аз ҳама бо дасти бародарони тоҷику эронӣ бунёд ёфтани нақби мошингарди Истиқлол, оғози сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ва нақби мошингарди Чормағзак аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки имрӯз робитаҳои Тоҷикистону Эрон ба сатҳи ҳамкории стратегӣ расидаанд.

Бегоҳии рӯзи 9 феврал масоили мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз он изҳори қаноатмандӣ доштанд, ки имрӯз дар муносибатҳои ду кишвар марҳилаи ҳамкории бунёдӣ ва стратегии иқтисодию техникӣ оғоз гаштааст.

Манучеҳри Муттакӣ бо дарки вазъияти имрӯзаи энергетикии Тоҷикистон бо итминон таъкид дошт, ки ҷониби Эрон омода аст барои дастгирии кишвари дӯсту бародар ва бартараф сохтани мушкилоти муваққатии энергетикии он аз тамоми имконоти мавҷуда васеъ истифода кунад.

Субҳи рӯзи 10 феврал маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар назди қатори мошинҳо истиқбол гирифт ва ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Дар назди қаср парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ гузашт карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо овард.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду давлат шинос шуданд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Мубодилаи судманди афкор дар бораи анҷоми пурра ва такмили босифати корҳо дар нақби мошингарди Истиқлол, оғози бунёди иншооти асосӣ дар нақби Чормағзак, ки барои он аз ҷониби Эрон 59 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гаштааст, оид ба ҳамкориҳои металлургӣ ва нақшаҳои минтақавии ҳамлу нақл, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард сурат гирифт.

Ҷониби Эрон ба қарор омад, ки барои анҷоми босифати корҳои равшанидиҳӣ ва ҳавокашӣ дар нақби Истиқлол маблағи иловагӣ ҷудо намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 на соли 2011, балки то охири соли 2009 анҷом дода шавад.

Тибқи мувофиқаи дигар барои таъмини кори мунтазами маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе дар кӯтоҳтарин муддат миқдори зарурии мазут аз Эрон фиристода мешавад.

Боназардошти мушкилоти имрӯзаи энергетикии Тоҷикистон ва баҳри баҳрабардорӣ аз захоири азими гидроэнергетикии кишвари мо Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом дошт, ки дар болои дарёи Вахш ба бунёди нерӯгоҳи обии барқии Шӯроб, ки иқтидори лоиҳавиаш 1000 мегават аст шурӯъ мекунад.

Ҷониби Эрон ҳамчунин баҳри сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон изҳори омодагӣ намуд.

Қарор шуд, ки 90 мегават нерӯи барқи ҳар рӯз аз Туркманистон ба Эрон ирсолшаванда имрӯз то анҷом ёфтани ҳолати бӯҳронӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Мувофиқаҳои муҳим ҳамчунин баҳри сохтани корхонаи муштараки истеҳсоли чароғҳои барқӣ дар шаҳри Исфара, корхонаи семент дар ноҳияи Шаҳритус, таҷдиди корхонаи электрокимиёвии Ёвон ва корхонаҳои дӯхти либосу пойафзоли низомӣ ба даст омад.

Дар музокирот ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, омӯзишӣ, низомӣ, амният, мусоидат ба барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон, оид ба робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва равандҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки барои баррасии масоили муҳимми минтақавӣ мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон доир карда шавад.
Таъкид гардид, ки дар робита ба бузургдошти 1150-солагии қофиласолори шеъри тоҷикӣ-форсӣ Абӯабдулло Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ чорабиниҳои сершумори илмию адабӣ баргузор хоҳанд гашт.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Вазири нерӯи Эрон Парвизи Фаттоҳ имзо гузоштанд.

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни ширкати «Тоҷиккимиё» ва ширкати эронии «Ормон Кимиёи Аламут» аз ҷониби намояндаи ширкати «Тоҷиккимиё» Маҳмадамин Оймаҳмадов ва Мудири омили ширкати мазкури эронӣ Ғуломризо Акбаризода ба имзо расид.

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Ширкати алюминийи тоҷик ва ширкати «Тайд вота компани» - и Эронро Муовини аввали раиси Ширкати алюминийи тоҷик Шералӣ Кабиров ва Мудири омили ширкати «Тайд вота компани» Беҳзод Муҳаммад Сайфуллоӣ имзо намуданд.

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод аз натиҷаҳои музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор дошт, ки мушкилоту вазниниҳои Тоҷикистонро баробар ба мушкилоти Эрон дониста, баҳри бартараф намудани онҳо кӯмаку дастгирии бародаронаи худро дареғ нахоҳад дошт.

Бояд таъкид дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба роҳбарони сохторҳои дахлдори кишвари худ дастур дод, ки лоиҳаи сохтмон ва тарҳи техникию иқтисодии роҳи мошингарди Панҷи Поён -Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи байни ин се кишвари дӯсту ҳамзабонро омода намоянд. Таъкид гардид, ки ин лоиҳаҳо иртиботи мустақиму бевоситаи байни се кишварро таъмин намуда, пеш аз ҳама боиси раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбаст маҳдудияти коммуникатсионӣ мегардад.

Натиҷаҳои сиёсии сафар низ хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Дар Баёнияи муштараки сарони ду давлат дар ин хусус аз ҷумла омадааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати афзоиши ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо кишварҳои нозири ин созмон эълом намуд, ки ин мавзӯъро бо кишварҳои дигари аъзо матраҳ ва пайгирӣ хоҳад намуд. Дар ин росто таъкид гашт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад бар пояи асосҳои ҳуқуқӣ ва шартномавии Созмони ҳамкории Шанхай аз имкони пайвастан ба узвияти комили ин созмон бархӯрдор гардад».
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Парвизи Фаттоҳ ва Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор мулоқотҳои пурсамар анҷом дод.

Мулоқотҳои судманди дигар ҳамчунин дар сатҳи вазирони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Масоили вобаста ба рушди бонизоми ҳамкориҳо дар соҳаҳои дахлдор байни Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ, Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Вазири нерӯи Эрон Парвизи Фаттоҳ ва Вазири саноати он Алиакбари Меҳробиён, Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Мустафо Муҳаммади Наҷҷор, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва Вазири иттилооти Эрон Муҳсин Эжеӣ, Вазири рушди иктисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода ва Вазири бозаргонии Эрон Масъуди Қазимӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр ва Вазири роҳу таробарии Эрон Муҳаммади Раҳматӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фарух Ҳамралиев ва Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон Довуди Донишҷаъфарӣ ба таври муфассалу созанда баррасӣ шуд.

Баъди мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Мустафо Муҳаммади Наҷҷор байни онҳо ҳамчунин ду созишномаи муҳим дар бораи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба имзо расид.

Бояд таъкид дошт, ки имрӯз ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, амниятӣ, марзбонӣ ва нақши муштараки Тоҷикистону Эрон дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ сатҳи баланд касб намудаанд.

Мавзӯи ҳамкориҳои металлургӣ ва истеҳсолу ҳамлу нақли алюминий ва маводи вобаста ба он қобили таъкид ва шарҳи муфассал аст.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз Ширкати алюминийи тоҷик омода аст, Бандари Аббоси Эронро таҷдид намуда, ба ҳамлу нақли борҳои барои истеҳсоли алюминий зарурӣ мутобиқ созад.

Ширкати алюминийи тоҷик ҳамчунин содироти анодро, ки дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти нодир шумурда мешавад, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ мондааст.

Баъди сафари расмии қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи майи соли гузашта сурат гирифта буд, доду гирифт ва ҳамлу нақли анод, гилхок ва дигар маҳсулоти ин соҳа ба ҳадди се баробар афзоиш ёфт.

Дар заминаи корхонаи электрохимиявии Ёвон корхонаи муштараки «Тоҷиккимиё» барқарор мегардад, ки он метавонад маҳсулоти зиёди кимиёвӣ ба мисли хлори моеъ ва хушк, оҳак, содаи каустикӣ, хокаи сафедкунии либос ва дигар молҳои бозоргир истеҳсол намояд.

Бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Эрон бояд корхонаи муштараки истеҳсоли чароғҳои каммасрафи барқӣ дар шаҳри Исфара ба кор шурӯъ намояд, ки маҳсулоти он ҳам дар дохил ва дар хориҷи кишвар харидорони бешумор дорад.

Дар ноҳияи Шаҳритус бошад аз ҷониби ширкатҳои эронӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна як корхонаи азими семент бунёд хоҳад ёфт.

Дар охир бори дигар таъкид бояд кард, ки натиҷаҳои асосии сафар ин ба даст омадани тавофуқоти муҳим дар бораи тезондани суръати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи обии Шӯроб, хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, якчанд корхонаи нави саноатӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои оҳан ва мошингарди байни Тоҷикистону Эрон ва таъҷилан ба Тоҷикистон фиристодани ҳаҷми зарурии мазут ва дигар маводи сӯхт ҷиҳати бартараф намудани бӯҳрони энергетикии кишвари мо мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва пешвою раҳнамои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф сохтани мушкилоту маҳдудиятҳои муваққатии энергетикии кишвар аз тамоми имкону захираҳои дохилию хориҷӣ ба хубӣ истифода мекунад.

Аз ин хотир сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон метавон аз тадбирҳои пурарзиш ва хеле пурмаҳсули Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард.

Ба андешаи таҳлилгарони сиёсӣ сафари расмии навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раванди ҳамкориҳои судманди ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Шоми рӯзи 10 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бобарори сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шаҳри Теҳрон ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520