Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об анҷом ёфт

20.08.2013 11:41, шаҳри Душанбе

Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд.

Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Конфронсро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ифтитоҳ бахшида, нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба суханронӣ даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронсро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, доир ба тадбирҳои сершумори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои ҷолиб баён намуд. Бо ёдоварӣ аз иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза (2003), даҳсолаи (2005-2015) байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)” ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад.

Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.

Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст”.

Сипас Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш Паёми Дабири кулли ин созмон Пан Ги МУН-ро қироат намуд.

Дар ҷаласаи пленарии конфронс, ҳамчунин Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид У Хунгбо, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сатибелдиев, Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина, Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова, Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ребека Гринспан, Намояндаи махсуси президенти Бонки ҷаҳонӣ Маҳмуд Муҳидин, Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедито Брага ва Президенти созмони “Бонувони ҷонибдори ҳамшарикии обӣ” Алис Бауман-Дентенер суханронӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520