Дар мулоқот бо Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.
Ҷон Эш ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва созмондиҳии хуби конфронси мазкур арзи сипос карда, пешвоии Тоҷикистонро дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии вобаста ба об таъйид кард.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун таъкид гардид.