Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Украина Виктор Янукович

24.08.2013 10:07

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Виктор Янукович барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

"Муҳтарам Виктор Фёдорович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Украина қабул доред.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам зикр намоям, ки Тоҷикистон ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои судманд бо Украина ба манфиати давлатҳо ва халқҳоямон диққати хоса зоҳир менамояд.

Мо ҷиҳати андешидани чораҳои якҷояи минбаъда, ки ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳоамон дар ҳама соҳаҳо равона шудаанд, омодаем.

Ба Шумо, муҳтарам Виктор Фёдорович, солимии бардавом, ба амалишавии нақшаҳои минбаъдаатон ҷиҳати шукуфоии Украина муваффақият ва ба халқи дӯсти Украина сулҳу бурдборӣ таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520