Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.08.2013 13:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ин шӯро баргузор гардид.

Дар маҷлис, асосан ду мавзӯъ - омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.

Доир ба мавзӯи якуми маҷлиси Шӯрои амният гузориши Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин талаб кард, ки доир ба таъминот бо ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, захираи кофии ин мавод дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омодасозии шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.

Супоришҳои мушаххас доир ба кашондан ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳ дода шуд.

Доир ба мавзӯи дуюми маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш доданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520