Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

27.08.2013 17:27, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав бояд баргузор гардад, муҳокима хоҳад шуд.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520