Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмон

27.08.2013 18:17, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди саудии рушд дар маблағгузории 7 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ чанд рӯз қабл ба имзо расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи сиёсию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳамкории бештар, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахш дар бахшҳои гуногун даъват намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520