Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

29.08.2013 08:50, ноҳияи Ёвон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи корхонаи азими семент, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арусии 10 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт.

Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд. Ғайр аз ин, ба номи 10 нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ба ҳар яке 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст.

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии Форам, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз ду ошёна бо толори бузург иборат буда, дар ошёнаи якумаш ҳавзи шиноварӣ бо дарозию паҳноии 22 ба 10 метр ҷойгир шудааст.

Ин маҷмаа бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаи дуюми бино, ки ҳоло то охир омода нест, толори бузурги фитнес ва ё обутоби бадан ҷойгир шудааст. Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои дигар толору утоқҳои зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюм гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520