Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташриф ба хонаи деҳқони оддӣ дар ноҳияи Ёвон

29.08.2013 13:22, ноҳияи Ёвон

Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Кароматулло Раҳматуллоев ташриф оварда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.

Тавре аён гардид, ин марди деҳқон роҳбари хоҳагии деҳқонии Алишер аст, ки 4,7 га замин дар ихтиёр дорад. 3,2 гектари он замини лалмӣ ва якуним гектараш обӣ мебошад. Дар хоҷагӣ 5 бародару 5 хоҳар аз як хонавода, ки ҳама оила барпо кардаанд, бо фарзандону пайвандонашон кор мекунанд. Онҳо, асосан, бо кишти ғалладонаю полезӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул буда, аз он ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд ва ҳеҷ яке ба муҳоҷирати корӣ намераванд. Анвои гуногуни маҳсулоти ин хоҷагии деҳқонӣ дар ҳавлиашон ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз гандум, наск, нахуд, лӯбиё, пиёз, картошка, сабзӣ, сирпиёз, қаламфур, боймиҷон, помидору бодиринг, ҷуворимакка, офтобпараст, ангӯр, себу нок, олу ва консерваҳои хонагии меваю сабзавот иборат аст.

Миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ин деҳқони асил сари дастурхон суҳбати гуворо сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520