Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш

29.08.2013 19:19, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».

Тавре зикр гардид, мусоидати Тоҷикистон дар шакли ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо дар кишвари мо ва ҳамчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию зербиноӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқи арзон ба ин кишвар сурат мегирад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ва дигар тадбирҳои минтақавии Тоҷикистон ва дигар шарикони он, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дигар роҳҳо ва хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон мавриди дастгирии доимии муассисаҳои байналмилалӣ қарор мегиранд.

Ян Кубиш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки «Тоҷикистон воқеан ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520